Президенти Тоҷикистон дар Маскав чи масоилро баррасӣ мекунад?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ бо як дидори расмӣ вориди Русия хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ бо як дидори расмӣ вориди Русия хоҳад шуд.

Дар ин бора Антон Силуанов, муовини аввали нахуствазир ва вазири молияи Русия рӯзи 20 март дар ҷамъи хабарнигорон иттило дод.

Ба гуфтаи вай, дар назар аст дар ҷараёни дидори Президенти Тоҷикистон ба Русия мавзӯъи вазъи муҳоҷир тоҷик дар ин кишвар дар меҳвари мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия қарор гирад.

Бино ба иттилои манобеъи ғайрирасмӣ, ҳамасола беш аз 1 миллион тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба манзури дарёфти кори муносиб ба Русия мераванд.

Дар мавриди нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби корфармоҳо ва пулиси Русия хабарҳои зиёд мерасад.

Қаблан ҷониби Тоҷикистон иброз дошт, ки бо мақомоти Русия масоили марбут ба авфи 226 ҳазор муҳоҷири тоҷикро, ки аз Русия ихроҷ шуда ва аз ҳаққи вуруд ӣа ин кишвар маҳрум шудаанд, баррасӣ мекунанд.

Зимнан, Антон Силуанов дар раъси як ҳайати Русия вориди Душанбе шуда ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор миёни шӯроҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия Ёддошти ҳамкорӣ имзо гардид.

Русия аз шариконии аслии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва табодули молҳо миёни ин ду кишвар дар соли 2018 беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *