Президенти Туркия дар арӯсӣ … шоҳиди домод шуд (Видео)

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар маросими арӯсии Месут Озил, футболбози маъруфи турктабори дастаи “Арсенал”-и Лондон нақши шоҳиди домодро иҷро кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар маросими арӯсии Месут Озил, футболбози маъруфи турктабори дастаи “Арсенал”-и Лондон нақши шоҳиди домодро иҷро кард.

Бино ба гузориши нашрияи бритониёии Daily Mail, футболбози 30-сола Месут Озил ба Амина Гулшаи 26-сола, “Бонуи нозанини Туркия-2014” дар шаҳри Истанбул издивоҷ кардааст.

Дар моҳи майи соли 2018  низ Президенти Туркия бо футболбозони маъруфи турктабор-Месут Озил аз дастаи “Арсенал” ва Илкай Гундоган аз дастаи “Манчестр Сити”-и Англия дидор карда буд.

Месут Озил, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Олмон дар соли 2014 Қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол шуда буд, дар соли гузашта фаъолияташро дар дастаи мунтахаби Олмон қатъ кард.

Он замон Месут дар саҳифааш дар Twitter навишта буд: “Вақте мо пирӯз мешавем, ман дар назари раиси Иттиҳоди футболи Олмон Райнхард Гриндел олмонӣ ҳастам, агар мағлуб шавем, ман ҳамчун муҳоҷири турк боқӣ мемонам”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *