Президенти Украина: Аз ман бут насозед!
Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Украина аз мақомоти сохторҳои давлатӣ даъват кардааст, ки дар утоқҳои кории худ акси ӯро нагузоранд.
Раиси ҷумҳури тозаинтихоби Украина аз мақомоти сохторҳои давлатӣ даъват кардааст, ки дар утоқҳои кории худ акси ӯро нагузоранд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури нави Украина, ки дар маросими савгандёдкунӣ дар шаҳри Киев суханронӣ мекард, гуфт, “чеҳраи ман муқаддас нест, ба ивази акси ман акси кӯдакони худро дар утоқҳои корӣ гузоред ва ҳар рӯз ба чашмони онҳо нигариста фаъолият кунед”.
Дар ҳоле Зеленский гузоштани аксашро дар утоқҳои кории кормандони давлатӣ манъ мекунад, ки дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи ба назар намоён гузоштани акси президентҳо расм шудааст.
Ҳамчунин, дар ин маросим раиси ҷумҳури тозаинтихоби Украина Рада ё парлумони ин кишварро расман пароканда кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ