Президенти Ӯзбекистон 60-сола шуд

Имрӯз президенти  Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба синни 60 расид. Дар камтар аз як соле, ки ӯ бар Узбекистон раҳбарӣ мекунад, интизори асосии аксарро, ки мегуфтанд, Мирзиёев Каримов нест, бароварда сохт ва аз худ як раҳбари навъи наверо дар минтақа ба намоиш гузошт.

Шавкат Мирзиёев 24 июли соли 1957, бино ба бархе манобеъ, дар деҳаи Яқтони ноҳияи Ғончии Тоҷикистон ва бино ба манобеи дигар, дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба дунё омадааст. Ончӣ бидуни баҳс аст, аз вилояти Суғди Тоҷикистон будани решаи аҷдоди раҳбари кунунии Узбакистон аст.

Соли 1981 Донишкадаи обёрӣ ва хоҷагии оби Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-механик хатм кардааст. Парвози ӯ ба қуллаҳои қудрат асосан дар даврони раҳбарии Ислом Каримов сурат гирифт. Мирзиёев солҳои 1992-1996 ҳокими ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд, солҳои 1996-1999 ҳокими вилояти Ҷиззах ва аз 2001 то 2003 ҳокими вилояти Самарқанд буд. Маҳз дар давраи раҳбарӣ бар зодгоҳи Ислом Каримов, ӯ ба клани Самарқанд наздик шуд ва 12 декабри соли 2003 ба мақоми сарвазири Узбекистон расид.

Шавкат Мирзиёев аввалин сарвазире дар таърихи навини Узбекистон буд, ки тавонист муддати аз ҳама бештар – 13 сол – раҳбарии кобинаи вазирони Каримовро дар даст нигоҳ бидорад.

Бо тамкин, тавозӯъ ва сабре, ки намоиш дод, Шавкат Мирзиёев ин курсиро то дами марги Ислом Каримов дар таърихи 2 сентябри соли 2016 нигоҳ дошт.

Баъди даргузашти президенти нахустини Узбекистон то баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат зимоми раёсати кишварро на ба раиси Сенат, ки Қонуни асосӣ муқаррар кардааст, балки ба Мирзиёев супурданд ва дигар яқин буд, ки интихоби нухбагони сиёсии Узбекистон дар масъалаи вориси тахти Каримов рӯи ӯ қарор гирифтааст.

Мирзиёев дар интихоботи моҳи декабр 88 дарсади овозҳоро ба даст овард ва барои 5 сол қонунан раҳбари аввали Узбекистон шуд.

Гуфта мешуд, ки Шавкат Мирзиёев як номзади компромисӣ аст ва дар асл бар Узбекистон сегона ё триумвирати иборат аз худи Мирзиёев ва ду рақиби пурнуфузаш – муовини сарвазир Рустам Азимов ва раиси Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов муштаракан ҳукм хоҳанд ронд.

Мирзиёев дар моҳҳои аввали раҳбариаш ҳатто ин тақсими қудрат бо ду рақиби асосиашро низ бо тамкин ва тавозӯъ пазируфт, вале маълум буд, ки дар як лона се хирс куҷо, ҳатто ду хирс намегунҷанд. Мирзиёев танг кардани рақибонаш аз саҳнаро на аз рақиби қавитар, ки генерад Рустам Иноятов аст, балки аз ҳалқаи заифтар, яъне Рустам Азимов сар кард.

Ибтидо ӯ дар моҳи марти соли ҷорӣ умури ислоҳоти иқтисодиро аз дасти Азимов гирифта, ба мушовираш Содиқ Сафоев супурд ва ба худи Азимов «маслиҳат” дод, ки машғули рушди … лимонпарварӣ ва чӯҷапарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ шавад.

Ва алакай дар моҳи май эълон шуд, ки Рустам Азимов аз мақоми муовини сарвазир барканор ва ба як ширкати суғурта «бадарға” шудааст.

Ҳамзамон дар моҳи май нирӯҳои дохила аз ихтиёри Хадамоти амнияти миллӣ гирифта, ба вазорати дохила баргардонда шуд. Таҳлилгарон инро оғози иқдомҳои Мирзиёев барои танг кардани рақиби дувум ва қавитараш Рустам Иноятов маънидод мекунанд.

Албатта, танг кардани Иноятов аз арса бо он нирӯи қавие ки дар пушти ӯст, мисли «бадарға” кардани Рустам Азимов ба осонӣ даст нахоҳад дод, вале ончӣ ки ба фоидаи Мирзиёев бозӣ мекунад, яке вақт аст, ки ӯ ба қадри кофӣ дар ихтиёр дорад ва сониян, сабр, ки низ барои раисиҷумҳури кунунии Узбекистон бегона нест.

Омили дигаре ки ба тарафи Мирзиёев бозӣ мекунад, пуштибонии мардум аст, чунки Мирзиёев нишон дода истодааст, ки баъди президент шудан ҳам ӯ мардумгаро боқӣ мондааст. Сӯҳбатҳои ғайрипротоколӣ бо мардум, кушодани қабулгоҳҳои президент барои шунидани шикояти аҳолӣ дар ҳар шаҳру ноҳия ва интиқоди мансабдорони азхудрафта дар маҳзари ом — чизҳоест ки аз ӯ дар чашми мардуми оддӣ симои як «подшоҳи одил»-ро месозад ва рақибонаш коре бо афзоиши обрӯи ӯ карда наметавонанд.

Аммо ончӣ ки ба равобити Тоҷикистону Узбекистон марбут мешавад, оғози об шудани пиряхҳоест, ки дар тӯли солиёни раҳбарии Каримов байни Душанбеву Тошканд ҷамъ шудаанд. Дар муддати камтар аз як сол чархиши ҷиддие дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайваст. Пеш аз ҳама, ин азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошканд баъди 25 сол буд. Боз шудани роҳи сафарҳои ҳунарии овозхонҳои узбек ба Тоҷикистон, баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти Узбекистон дар Душанбе ва худи тағйири лаҳни гуфтугӯ байни ду ҳамсоя бисёриҳоро нисбат ба дурнамои равобити онҳо хеле хушбинтар кардааст.

 

Тошканд дар тирамоҳи гузашта ҳатто оғози бунёди сарбанди нирӯгоҳи Роғун – як мояи асосии танишҳо байни Тоҷикистону Узбекистонро бар хилофи солҳои қаблӣ бе ягон сару садо ва эътирозе фурӯ бурд, ки ин худ ба сари худ хеле гап аст.

Шавкат Мирзиёев ва ҳамсараш Зироатхон (Ойхон) Маҳмудовна Ҳошимова, ки ҳамсабақи ӯ дар Донишкадаи обёрии Тошканд буд, се фарзанд – ду духтар Саида ва Шаҳноза ва як писар бо номи Алишер доранд. Чанде пеш гузориш шуда буд, ки Шавкат Мирзиёев домодаш Ойбек Турсуновро муовини раиси Идораи коргузории президент ва домоди дувумаш Отабек Шохоновро муовини аввали сардори хадамоти муҳофизонаш таъйин кардааст. Ойбек Турсунов шавҳари духтари калонии президент Саида Мирзиёева ва Отабек Шохонов шавҳари духтари хурдиаш Шаҳноза Мирзиёева мебошанд.

“ахбор”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *