Президенти Ӯзбекистон 65 маҳбусро авф кард
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли он кишвар фармон «Дар бораи авфи гуруҳе, ки аз кардаашон содиқона пушаймон шуда ва дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд»-ро рӯзи 27 август имзо кард.
Дар асоси ин фармон, 65 зиндоние авф шуданд, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд.
Аз ин шумор 17 тан комилан озод, 13 тани дигар шартан авф шудаанд. Ҷазо нисбати 20 маҳбуси дигар сабуктар шуда, 15 каси дигар аз ҷазо дар намуди ҳабс озод шудаанд.
Миёни авфшудагон 4 зан, як шаҳрванди аз 60-сола боло, як шаҳрванди хориҷӣ, 39 шаҳрванде, ки дар созмонҳои мамнуъ аъзо буданд, ҳастанд.
Давоми 3 соли охир дар Ӯзбекистон ҳафт маротиба авф татбиқ ва 3952 маҳбус озод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ