Президенти Ӯзбекистон ба Душанбе меояд

Президенти  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистон омодагӣ мебинад.

 Мирзиёв дар моҳҳои охир ба Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон сафарҳои расмӣ дошт ва Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки Мирзиёев баъди расидан ба мақоми раҳбарии Узбекистон боздид накардааст.

Дар бораи омодагиҳо ба сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар як мақола Владимир Норов, мудири Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии президенти Узбекистон хабар додааст.Мақолаи Владимир Норов, ки дар саҳифаи Пажӯҳишгоҳаш дар шабакаи Фейсбук ва нашрияи «Слово Кыргызстана” чоп шудааст, асосан дар бораи натиҷаҳои сафари моҳи гузаштаи Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон аст, вале ин дипломати собиқадор ва аз таҳаввулоти сиёсии Узбекистон огоҳ дар зимн навиштааст, ки баъди 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ навбати сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон низ фаро расидааст ва ин сафарро алакай омода карда истодаанд: «Гуфтанист, ки раҳбари Узбекистон дар моҳҳои охир алакай чандин бор бо раҳбарони ҳамаи кишварҳои ҳамсоя мулоқотҳои расмиву ғайрирасмӣ ва корӣ анҷом дод. Аз Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон боздид кард. Ҳоло сафараш ба Тоҷикистон омода карда мешавад. Кишвар ба сурати умум мехоҳад ҳамин масирро ба манфиати халқҳои кишварҳои «панҷгонаи Осиёи Марказӣ” дунбол кунад. Танҳо бо талошҳои муштарак дар заминаи ба назар гирифтани манфиатҳои муштрак метавон шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодиро фароҳам оварда, мушкилоти байни давлатҳо дар минтақаро билохира ҳал кунем ва ба чолишҳову таҳдидҳои муосир ба таври муассир муқобилият кунем.”

Владимир Норов барои таъкиди пойбандии Узбекистон барои ҳалли мушкилоти ҳалношуда дар равобиташ бо кишварҳои минтақа ва интихоби як масири комилан нави ҳамкорӣ бо ин кишвар аз суханронии моҳи сентябри Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк иқтибос овардааст, ки гуфта буд: «Осиёи Марказии осоишта ва аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта – мақсади муҳимтарин ва вазифаи калидии мост. Мо ба гузаштҳои қобили қабул бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни истисно, дар тамоми масоил омодаем.”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *