Президенти Ӯзбекистон ба Ишқобод меравад
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 10-11 октябри соли 2019 дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Ишқободи Туркманистон иштирок хоҳад кард.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон, дар ҷаласа маҷмуи масоиле баррасӣ мешаванд, ки ба рушду тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар доираи иттиҳод равона шудаанд. Ҳамчунин дар робита ба мушкилиҳои байналмилалӣ табодули назар карда мешавад.
Дар поёни ҷаласа имзо як қатор санадҳо, аз ҷумла Қарори интиқоли раҳбарии ИДМ дар соли 2020 ба Ӯзбекистон, Эъломияи ҳамкориҳои стратегии иқтисодӣ, изҳороти раҳбарони кишварҳои ИДМ бахшида ба 75-умин солгарди пирӯзии мардумӣ Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 ва Барномаи ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2020-2022 дар назар аст.
Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев дар доираи саммити ИДМ бо раҳбарони як қатор кишварҳо дар Ишқобод мулоқот хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ