Президенти Ӯзбекистон ба мансабдороне, ки қаблан «хоин» номида буд, орден дод
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли он кишвар ба чанде аз шаҳрвандон унвонҳои ифтихорӣ ва ордену медал дод.
Аз ҷумла раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов бо орден қадрдонӣ шуданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳар ду мансабдор пештар аз ин аз сӯи роҳбари Ӯзбекистон танқид шуда буданд. Рӯзи 2 август Мирзиёев Шуҳрат Ғаниевро дар хоинӣ айбдор карда буд. Ғаниев дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона чандин манзили сокинонро тахриб кард, ки дар натиҷа норизоии шаҳрвандонро ба бор овард.
Баъди он ки Мирзиёев Ғаниевро маҷбур ба узрхоҳӣ кард, раиси вилояти Фарғона бо нашри наворе аз сокинони маҳаллӣ узр пурсид.
Шуҳрат Абдураҳмонов, раиси вилояти Андиҷон ҳам моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи Мирзиёев танқид шунида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ