Президенти Ӯзбекистон ба як тоҷик ордену ба дигараш медал дод

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури тозаинтихоби Узбекистон дар баробари гуруҳе аз фаъолони марказҳои фарҳангӣ ба ду масъули марказҳои фарҳангии тоҷикон низ мукофоти давлатӣ тақдим кардааст. 

Дар ин бора торнамои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Узбекистон хабар додааст.
Ин мукофотҳоро Шавкат Мирзиёев дар маросими таҷлил аз 25-умин солгарди ташкили Маркази ҷумҳурявии фарҳангии байналмилалӣ супурдааст.
Бар асоси иттилои манбаъ Мирзиёев ба Абдурасул Эргашев, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё, профессори кафедраи фанновариҳои рақамӣ ва худкори Донишкадаи муҳандисиву иқтисодии Қашқадарё ордени “Дӯстлик” ва ба Анвар Муродов, яке аз фаъолони Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори нашрияи “Овози тоҷик” медоли “Шуҳрат” тақдим намудааст.

Зимни суханронии худ дар ин маросим Шавкат Мирзиёев зикр кардааст, ки дар Узбекистон 137 маркази миллии фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки нақши боризе дар таъмини фазои таҳаммулпазирӣ мегузоранд.

Дар ин маросим раисҷумҳури Узбекистон супориш додааст, ки бинои “Узбекенгилсаноат”-ро ба “Қасри дӯстӣ” ва Боғи Бобурро ба “Боғи дӯстӣ” номгардон кунанд. Ба навиштаи манбаъ ба номи Бобур боғи наве, ки дар ноҳияи Мирзо-Улуғбеки Тошканд бунёд мешавад дар ҷашни Наврӯзи имсол гузошта мешавад.

Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, ки бояд пажуҳишгоҳҳои Академияи улуми Узбакистон ба таҳқиқи вижагиҳои фарҳанг ва расму одоти миллатҳои Узбакистон барои рушд ва ҳамоҳангии байни қавмҳо пардозад.

Ҳамчунин раисҷумҳури Узбекистон пешниҳод кардааст, ки консерту намоишҳои марказҳои гуногуни қавмҳои Узбекистон ба таври даврӣ баргузор карда шавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *