Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз олам даргузашт
Фаврӣ: Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79 солагӣ, бар асари хунравии мағзи сар, ки ду рӯз пеш рух дода буд, 29-уми августи соли 2016
дар шаҳри Тошканд вафот кард. Ислом Каримов 26 сол аст, ки ин кишварро сарварӣ мекард. Тавре, ки fargona.ru хабар дод, ин ҳодиса соати 15.35 вақти Тошканд рух дод.Мақомоти расмии Узбакистон дар ин бора ҳанӯз иттилое пахш накардаанд. Тавре манбаъҳои гуногун хабар медиҳанд, барои табобати ӯ аз Исроил беҳтарин мутахассисони соҳаи тиб даъват шуда буданд. Вале онҳо натавонистанд ӯро ба ҳуш оранд.
Ислом Каримов 30-уми январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Ӯ соли 1960 Донишкадаи политехникии Осиёи Марказиро хатм кардааст. Аз соли 1964 узви Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС) . Соли 1967 Институти иқтисоди миллии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси муҳандис -механик, иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ.
Аз соли 1966 то соли 1983 дар Кумитаи давлатии банақшагирии ҶШС Узбакистон кор мекард. Ислом Каримов вазири молияи Ӯзбекистон, соли 1986 — муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Ӯзбакистон, раиси идораи танзими давлатӣ буд. Дар 1986-1989 ба ҳайси котиби аввали Кумитаи ҳизби вилояти Қашқадарё кор кардааст. Аз моҳи июни соли 1989 — котиби якуми Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон.
24 марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов Президенти ҶШС Ӯзбекистон интихоб шуд.Бори дигар соли 1991 Президенти ин кишвар интихоб гардид.Соли 1995 мӯҳлати президентии Каримов боз то соли 2000 дароз карда шуд. Солҳои 2000, 2007, 2015 ӯ сарвари Ӯзбекистон интихоб гардид.
Ӯ оиладор, соҳиби ду духтар- Гулнора ва Лола буд.
Субҳи 27-уми августи соли 2016 Ислом Каримов гирифтори сактаи мағзи сар шуд. Ӯ 29 августи соли 2016 соати 15.35 (13.35 вақти Маскав) вафот кард
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ