Президентро ба Саммити кишварҳои мусалмонӣ даъват карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо даъвати Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, дар Саммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёз, ширкат хоҳад кард. Як манбаъ аз дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, дар ин саммит, ки қарор аст рӯзи 21-уми май баргузор шавад, раиси ҷумҳури Тоҷикистон иштирок хоҳад кард ва эҳтимолан суханронӣ намояд.

Ба нахустин cаммити кишварҳои арабу мусалмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, сарони дигари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, Навоз Шариф, сарвазири Покистон ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ даъват шудаанд. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Эрон — рақиби суннатии Арабистони Саудӣ дар минтақа, ба ин ҳамоиш даъват нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *