Профессор Ҷӯразода аз мақоми ректор барканор ва муовини якуми Саидзода шуд

Ҷамшед Ҷӯразода, ки то ин замон дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият дошт, аз мақомаш барканор шудааст. Ӯ муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардида, дар ин вазифа Муҳаммаддовуд Саломиёнро иваз кардааст.

Ин хабарро аз раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо Pressa.tj тасдиқ карданд.

Ҷамшед Ҷӯразода 15-уми июни соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1988 баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи омўзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, аз соли 1989 таҳсилро дар факултети таърихи Донишкадаи ордени Нишони фахридори давлатии омўзгории шаҳри Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) идома медиҳад ва онро соли 1993 бо дипломи аъло хатм менамояд.

Соли 1993 аввал дар кафедраи таърих ва этнографияи халқи тоҷики донишгоҳ ба сифати ассистент ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил кардааст. Солҳои 1997-2000 дар кафедраи таърих ва маданияти халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси омўзгор фаъолият бурдааст. Соли 1999 раиси Шўрои олимони ҷавон, баъдан раиси Созмони ҷавонони донишгоҳи мазкур буд. Моҳи январи соли 2000 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд таъин шуда, аз 31-уми апрели соли 2003 то 30-юми ноябри соли 2005 вазифаи муовини мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ — фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба зимма дошт. Ҳамчун хизматчии давлатӣ, сазовори рутбаи тахассусии мушовири хизмати давлатии дараҷаи III гардидааст.

21-уми декабри соли 2002 дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров рисолаи номзадиро дар мавзўи «Аз таърихи фарҳанги манзилдории тоҷикон» ҳимоя намуд. Аз 30-юми ноябри соли 2005 то 25-уми ноябри соли 2006 дар вазифаи декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 25-уми ноябри соли 2006 то 11-уми январи соли 2007 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи ноиби ректор оид ба тарбия ва аз 12-уми январи соли 2007 дар ҳамин вазифа тибқи таъиноти нави Вазорати маориф ва ректори донишгоҳ фаъолият дошт. 16-уми апрели соли 2009 декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ таъин гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №242 аз 11-уми майи соли 2012 Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардид.

Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло 15-уми майи соли 2015 рисолаи докториашро дар мавзўи «Бухарский эмират второй половины XVIII — первой половины XIXвв. в письменных источниках» дар Шўрои дифои рисолаҳои доктории назди Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи АИ ҶТ дифоъ намудааст. Дар баробари сарварии донишгоҳро ба зимма доштан, ба ҳайси профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик фаъолияти таълимӣ низ мебарад.

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло муаллифи зиёда аз 120 асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми марти соли 2017 №131 ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *