Профессор Гулзода сафи олимони ҷавонро бештар мекунад
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зимни як ҳамоиш олимони ҷавон паҳлӯҳои мухталифи илми тиб, аз ҷумла ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрия, микробиология, иммунология ва вирусология, дорушиносиро ба риштаи таҳлил кашиданд.
Ин ҳамоиш таҳти унвони «Масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои ҳалли онҳо» буд, ки олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва хориҷиёнро ба ҳам гирд овард. Ҳадаф аз баргузории ин конференсияи илмӣ – амалӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ барои олимони ҷавон, бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон ба корҳои илмию тадқиқотӣ, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои муфиди муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ бо олимони ҷавони муассисаҳои илмию таҳсилотии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Ҳамоиши сатҳи баланд
Чунин ҳамоиши байналмилалӣ ҳар сол бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода бо мақсади дастгирии олимони ҷавон доир карда мешавад. Дар ҳамоиши навбатӣ Муҳаммадюсуф Имомзода — вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломуддин Юсуфӣ — сардори раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода — муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷасур Ризоев — ректори Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, Алексей Шкляев — ректори Академияи давлатии тиббии Ижевск, Иван Петров — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тюмен, Александр Митрошин — директори Донишкадаи тиббии Донишгоҳи давлатии Пенза ва дигар олимони ватаниву хориҷӣ иштирок ва ибрози назар намуданд.
Профессор Маҳмадшоҳ Гулзода зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки воқеан ҳам Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино хонаи муқаддаси табибон, такягоҳи барҷастаи соҳаи тандурустии кишвар маҳсуб меёбад. Дар давоми 81 соли фаъолияти пурсамар ин таълимгоҳи олиро, ки номи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дорад, беш аз 43 000 мутахассисони соҳаи тиб хатм намудаанд. Аз ин 63% ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меоянд.
Таъкид гардид, ки айни замон хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар наздик ба 50 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, Олмон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон фаъолият доранд. Онҳо бо пайкори созанда талош мекунанд, ки обрӯ, нуфузи Тоҷикстонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша нигоҳ доранд. Инчунин, дар ин росто, ҳар сол мавқеи донишгоҳ зина ба зина миёни муассисаҳои олии тибби ҷаҳон боло меравад.
“Дар донишгоҳ барои беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи раёсат қарор дорад. Натиҷаи ин таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи пажӯҳишгарон аз ҳисоби чавонони лаёқатманд меафзояд”, -гуфт Маҳмадшоҳ Гулзода.
Тавсифи академик Имомзода
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ аз дастовардҳои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тавсиф кард. Ӯ гуфт: “Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шудани чунин як ҳамоиши илмӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки дар он олимони дохил ва хориҷ дар соҳаи тиб иштирок доранд, аз иқдомҳои созандаи раёсати донишгоҳ дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Мо маорифчиён дастоварду пажӯҳишҳои илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ба хушӣ истиқбол менамоем. Зеро ҳамасола олимони ҷавони ин донишгоҳ сазовори Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илми тиб мегарданд. Ин аз заҳмату талошҳои олимони варзида ва роҳбарияти донишгоҳ дар самти омода намудани олимони ҷавон гувоҳӣ медиҳад”.
Дилноза Аҳмадзода — муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, зимни паёми шодбошӣ аз дастгириҳои олимони ҷавон аз тарафи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино хуш истиқбол кард. Ӯ гуфт: “Ифтихор дорам, ки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҳамоишҳои яке аз муассисаҳои олии бонуфуз-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат меварзанд. Албатта, дар фазои маҷозӣ пайваст гардидани олимону муҳаққиқон аз хориҷи кишвар ва ҳамзамон, баргузории чунин конфронси бонуфуз дар марҳилаи ҳассос аз муҳимият доштани масоили рушди соҳаи тиб ва пешгирии падидаҳое, ки дар соли гузашта ҷаҳон рӯ ба рӯ гардид, айни муддао аст. Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии олимони ҷавон ва онҳое, ки дар риштаи илм дастоварди назаррас доранд, ҷоизаи ба номи Исомили Сомонӣ таъсис дода шудааст. Ҳар сол олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ин ҷоизаро ба даст меоранд”.
Саломуддин Юсуфӣ — сардори раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон:
“Рушди илму маориф, тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва дир ин замина пайваста тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Айни замон аз теъдоди умумии докторони илми тиб 47 фоиз ба синни нафақа рост меоянд. Аз теъдоди умумии номзадони илм бошад, ҷавонон ҳамагӣ 6,5 фоиз мебошанд. Ин нишондод, олимони соҳаро водор месозад, ки барои боз ҳам пурқувват гардондани нерӯи кадрии соҳаи тандурустӣ саҳмгузор бошанд. Самти дигари соҳа, рушди соҳаи дорусозӣ мебошад. Бо ин мақсад барномаи рушди дорусозӣ дар Тоҷикистон барои соли 2021 ва 2025 қабул шудааст. Дар ин робита боиси хушнудист, ки Маркази илмӣ,таълими ва истеҳсолии Фарматсияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба бинои нави замонавӣ кӯчонда шуд. Бинои мазкур бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошад”.
Мавзӯъҳои мубрам дар ҳамоиш
Дар ҳамоиш дастовардҳои донишҷӯён ва олимони ҷавони ватанӣ ва ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардиданд. Аз тарафи донишҷӯён ва олимони ҷавон масъалаҳои нави илми тиб ва дурнамои онҳо, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи илми тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва амалӣ ва татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиб баррасӣ шуданд. Мавзӯъҳои мубрами банақшагирифта дар ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои сексияҳои равиявӣ ва масъалаҳои мубрами паҳлӯҳои мухталифи илми тиб, аз ҷумла ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрия, микробиология, иммунология ва вирусология, дорушиносӣ таҳлилу баррасӣ шуданд.
“Шумораи маводи пешниҳодгардида ба конференсияи солонаи олимони ҷавон ва донишҷӯён ҳамасола меафзояд. Чунончӣ, соли ҷорӣ ба конференсия 1650 фишурда ворид гардид, ки 700 тои он аз кишварҳои хориҷӣ рост меояд. Дар конференсияи мазкур 483 маърӯзаҳои илмӣ баррасӣ гардиданд, ки 106 тои он аз иштирокчиёни кишварҳои хориҷӣ мебошад”, -иброз дошт дар суҳбат Қаҳҳор Носирӣ, сардори хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.
Ёдовар мешавем, ки гузарондани конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҷумла, дар конференсияи навбатӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муҳассилину олимони ҷавон аз Россия, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, ки ба таври маҷозӣ ширкат намуданд, ба кори ҳамоиш баҳои баланд доданд. Гуфтанд, ки ин имкон медиҳад, дар заминаи мубодилаи таҷриба муҳассилин ва олимони ҷавон дониши тиббии худро такмил диҳанд. Ҳамзамон, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар риштаи тибби муосир ва ҳалли муаммоҳо бештар рӯ оранд.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ