Профессор Худоӣ Шариф даргузашт
Профессор Худоӣ Шариф, яке аз маъруфтарин адабиётшиносони тоҷик шаби 29 октябр дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Ҳамагӣ 4 моҳ пеш ин устоди забардасти илми адабиётшиносии тоҷик 80-солагиашро ҷашн гирифта буд.
Худоӣ Шариф 25 ибни соли 1937 дар деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, соли 1961 шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишкандаи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Худоӣ Шариф баъди хатми мактаби олӣ дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатӣ ба кор сар кард ва солҳои 1966-1969 дар аспирантураи назди ҳамин кафедра таҳсил кард.
Худои Шариф соли 1970 рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Ташаккули афкори адабии форс-тоҷик дар асрҳои Х-ХI” ва соли 1987 рисолаи докториаш дар мавзӯи «Назарияи наср дар осори форсии марҳилаи классикӣ (асрҳои Х-XV)”-ро ҳимоя кардааст.
Худоӣ Шариф як умр дар риштаи филологияи Донишгоҳи давлатӣ кор карда, аз муаллими оддӣ то мақоми мудири кафедра ва профессор расид ва солҳои 1993-1997 декани ин факултет буд.
Дар бораи саҳми Худоӣ Шариф дар илми адабиётшиносии тоҷик пойгоҳи интернетии Википедиа менавад: «Худоӣ Шарифзода ва пайравони мактаби илмии ӯ муҳимтарин масоили назария ва таърихи адабиёти тоҷикро ба таҳқиқ гирифтаанд. Дар ин мактаб масъалаҳои назарӣ ва амалии адабиётшиносӣ , аз қабили назария ва поэтикаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ, назария ва таърихи таҳаввули насри форсӣ-тоҷикӣ, зиндагинома ва мероси адабии симоҳои барҷастаи адабиёти асримиёнагӣ, назарияи жанрҳо ва навъҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ, ҷараёнҳои мазҳабиву фикрӣ ва таъсири он ба адабиёт, навоварӣ ва суннат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст. То имрӯз масъалаҳои таърихи адабиёт, афкори адабиву назарӣ, назарияи насри форсӣ-тоҷикӣ, арӯзи назарӣ ва амалии шеъри форсӣ-тоҷикӣ, таҳаввули адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри XIX, рӯзгор ва осори Масъуди Саъди Салмон, Фахриддини Ироқӣ, Камоли Хуҷандӣ, Табиби Исфаҳонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, устура, афсона, ҳикоя, рамз ва тамсилҳои ирфонӣ, робитаҳои адабии арабу аҷам, адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои миёна, таърих ва назарияи номанигорӣ, поэтикаи ғазалиёти шоирони ҷудогона, таҳаввули авзон ва таносуби вазн бо муҳтаво, маърифати а абӣ, тасвирҳои бадеӣ, исмоилия ва таъсири Он бар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, насри ривоятӣ ва адабӣ, достонсароӣ ва суннати эҷоди силсиладостонҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва ғайра аз ҷониби намояндагони мактаби адабпажӯҳии устод Худоӣ Шарифзода таҳқиқ шуда , дар ин замина мақолаҳо, осори монографӣ ва китобҳои зиёд таълиф ва мунташир шудааст. Худоӣ Шарифзода яке аз донишмандони соҳибсабк ва соҳибмактаби адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик аст, ки ҳам ба василаи парвариши шогирдони илми суханшиносӣ ва ҳам ба василаи таълифоти худ дар илми муосири тоҷик мақому манзалати хоси худро пайдо кардааст. Таълифоти арзишманди ӯ, аз қабили «Балоғат ва суханварӣ», «Каломи бадеъ», «Савти Аҷам», «Рози ҷаҳон», «Шеър ва шоир», «Озурдагон ва умедворон», «Назарияи наср», «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ» дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо баҳои баланд гирифта, теъдоде аз китобҳои эшон дар хориҷ аз кишвар ба чоп расида ва натиҷаи заҳматҳои устод бо ҷоизаҳои муътабари илмиву фарҳангӣ қадрдонӣ шудааст.”
Аз Худоӣ Шариф ин китобзои пурарзиш ба ёдгор мондаанд:
·«Услуб ва камолоти сухан» (1985),
·«Мақомоти Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода),
·«Каломи бадеъ» (1991),
·«Шоир ва шеър» (1998),
·«Озурдагон ва умедворон» (2001),
·«Савти Аҷам» (2002),
·«Балоғат ва суханварӣ» (2002),
·«Рози ҷаҳон» (2003),
·«Назарияи наср» (2004),
·«Суннатҳои адабӣ» (2007),
·«Сухан аз адабиёти миллӣ» (2009),
·«Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ» (2012),
·«Сездаҳ мақола» (2013),
·«Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» (2007),
·«Ашъори ҳакимон ва орифон» (2011, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор).
Xудоӣ Шариф ҳамчунин ин китобҳои адибони классикро бо хати кириллӣ таҳия ва пешкаши хонандагон кардааст:
·Ибни Сино: «Пирӯзинома», «Фанни шеър» (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода),
·«Мунтахаби «Тарҷумон-ул-балоға» ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» (1987),
·«Шоирони аҳди Сомониён» (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор),
·«Мероси Сомониён» (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор),
·Восифӣ: «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (мунтахаби ҳикоёт, 2008).
·Фарҳанги Бадахшон //Рӯдакӣ, Ройзании Фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2011;
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ