Профессор Мурод Муродӣ: Миёни ҳукумат ва журналистон пул лозим аст!

Доктори илми филология, профессор Мурод Муродӣ Барандаи Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” — Нишони сарисинагии ба номи Муродуллоҳ Шерализода шуд. Доварони озмуни “Достони мавлуди Тоҷикистон”, ки соли 2024 ҳафтаномаи мо бахшида ба 100-солагии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, ду мақолаи Мурод Муродиро беҳтарин арзёбӣ намуда, эшонро ба ин ҷоиза сазовор донистанд. Профессор Мурод Муродӣ пажӯҳишгари номошнои журналистикаи тоҷик буда, беш аз 30 сол аст, ки ба таҳқиқу таълим машғул аст. Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад. 

Вақте хонандаро фаромӯш мекунанд…

— Шумо кадом газетаҳоро мехонед?

— Банда бо тақозои касбам кӯшиш мекунам, ки пайваста рӯзномаҳоро бихонам. Ҳар ҳафта тариқи обуна нашрияҳои “Адабиёт ва санъат”, “Минбари халқ”, “Фарҳанги Тоҷикистон”, “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Тоҷикистон”, “Фараж”, “СССР”, “Азия плюс” ва ғайраро дастрас мекунам. Аз нигоҳи муҳтаво рӯзномаҳо дар як сатҳ нестанд, вале дар ҳар кадомашон маводи мехондагӣ ҳаст. Бархе маро қонеъ мекунанд, бархе не. Маводи яке бознашр аз интернет аст, дигаре завқро мекоҳонад… Вале ба ҳар ҳол ман пойбанд ба қолаби куҳна мондаам, яъне аз мутолиаи газета як навъ лаззат мебарам. Гарчанде сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро низ пайваста пайгирӣ мекунам.

— Гуфтед, ки аз рӯйи тақозои касб газета мехонед. Агар тақозои касб намебуд ва як шаҳрванди одӣ мебудед, оё ба нашрияҳо обуна мешудед ё онҳоро мехаридед?

— Агар пажӯҳишгари журналистика ва муаллим намебудам, аммо зиёӣ мебудам, шояд 2-3 газетаро мегирифтам. Вале агар шаҳрванди одӣ бошам, шояд не. Зеро феълан дар фазои иттилоотии мо барои як хонандаи одӣ маълумоти фаровоне дастрас аст. Қаблан, мо як телевизион доштем, ҳоло танҳо дар пойтахт 11 телевизион дорем. Аксарият истифодабарандаи интернет ҳастанд. Бинобар ин, маълумотро аз он манбаъҳо бидуни харҷи зиёдатӣ ва монеа мегиранд. Дигар ин ки, рӯзномаҳои мо шояд барои як хонандаи одӣ на ҳамеша матолиби ҷолиб доранд. Баъзан, рӯзномаҳои мо хонандаро фаромӯш мекунанд. Барои бедор кардани майлу рағбати хонанда кор намекунанд…

— Хонандаро фаромӯш кардани рӯзномаҳо дар чӣ зоҳир мешавад?

— Вақте хонанда ба ин ё он нашрия эътимод пайдо мекунад ва онро ба ин ё он восита дастрас менамояд, бояд дар он зиндагиашро бинад ё проблемаашро бишносад, ё ягон чизи ба ҳаёташ иртиботдоштаро бихонад. Вақте орзуву омолашро намебинад, талаботаш қонеъ намегардад, эътимодаш суст мешавад. Имрӯз бо имконоте, ки технологияи навин дорад, шинохти завқи хонандагон душвор нест, вале рӯзномаҳои мо дар ин самт кор намекунанд. Омӯзишҳои сотсиологӣ намегузаронанд, мизҳои мудаввар ва семинарҳо бо ширкати хонандагону коршинсон баргузор кардаву рӯзномаҳоро муҳокима намекунанд, то ки завқи аудиторияашонро бишносанд. Агар чунин шавад, рӯзнома медонад, ки барои кӣ менависад ва чӣ бояд нависад. Рӯзнома ҳам як навъ моли бозор аст. Вақте харидор ба бозор медарояд, завқу кисаашро ба назар мегирад. Агар завқ ва киса мувофиқ ояд, қонеъ мешавад, вагарна дар ҳолати ноҳинҷорӣ мемонад. Рӯзнома ҳам ҳамин аст. Вақте як нафар онро мехарад ё маблағ дода обуна мешавад, бояд ниёзҳояш бароварда шаванд. Матолиберо мутолиа кунад, ки ба саволҳояш посух пайдо кунад. На ин ки боз ба маталабе рӯ ба рӯ шавад, ки дар интернет дида буд…

Вақте назари интиқодӣ нест…

— Ба назари шумо феълан дар нашрияҳои мо чӣ намерасад?

— Таҳлил. Мо дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ қарор дорем ва камтарин иттилоъ зуд ба аудитория мерасад, вале пасманзар норӯшан боқӣ мемонад. Мардум аз воқеаҳо бохабар ҳастанд, вале моҳияти онро дарк намекунанд. Бинобар ин, барои мо бештар рӯзноманигорони таҳлилгар лозиманд. Барои мисол, мо имрӯз дар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва рӯзномаҳову сомонаҳо аз сиёсати давлат мегӯем, шиор мехонем, гап мезанем, вале ҳикмату моҳияти масъаларо фаҳмонида наметавонем. Чунки мо бештар ба воқеа такя мекунем, на ба пасманзар. Банда чанд сол қабл пешниҳод карда будам, ки матбуоти мо аз воқеанигории рӯзноманигорӣ ба таҳлилгароии публитсистӣ бояд гузарад. Дар ин ҳолат манфиати чандтарафа ба вуҷуд меояд:

-якум, матбуот роҳу равиши худро пайдо мекунад;

-дуюм, иртиботи коршинсону мутахассисон бо матбуот мустаҳкам мегардад;

сеюм, хонандаи газета баргузида мешавад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо се шоха бояд кор кунад — идораи нашрия, ниҳодҳо ва хонандагон. Вақте чунин ҳамгироӣ ба вуҷуд меояд, мо ба мақсад мерасем. Таъкид мекунам, ки таҳлил ҳам ба манфиати нашрия аст, ҳам ба манфиати ҷомеа ва ҳам ба манфиати мардум, зеро матлаби таҳлилӣ маърифат ва тафаккури иҷтимоӣ ба вуҷуд меорад. Боиси он мегардад, ки назари интиқодӣ пайдо шавад. Дар матбуоти мо имрӯз назари интиқодӣ гум шудааст.   

— Аз рӯи мушоҳидаҳои банда, маводи таҳлилӣ имрӯзҳо камтар мухотаб дорад. Хонанда солҳои охир ба матолиби суст одат кардааст. Барои мисол, дар шабаки иҷтимоӣ як матлаби таҳлилӣ нашр кунед, як лайк мегирад, вале агар як хабари ҳангомадор бошад, ҳазорон нафар ба он таваҷҷуҳ мекунанд…

— Ин иллат солҳои 90-ум пайдо шуд. Як гурӯҳ мардуми рӯзномахон дар ҷангҳои шаҳрвандӣ аз кишвар рафтанд. Боқӣ аз рӯзномахонӣ дур шуданд. Вақте Акбаралӣ Сатторов “Чархи гардун”-ро ташкил кард, байни муҳаққиқон назарҳои гуногун пайдо шуданд. Бархе онро матбуоти зард ва нолозим арзёбӣ мекарданд. Вале Акбаралӣ  мардумро оҳиста-оҳиста рӯзномахон кард. Дар баробари қиссаву ҳангома матолиби хуб ҳам чоп кард ва ҳамин тавр дигар нашрияҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Яъне ӯ бозорро гардон кард, завқи мардумро бедор намуд. Мо ҳам имрӯз бояд кор кунем. Бояд барои баланд бардоштани мавқеи журналист ва нуфузи рӯзномаҳо талош намоем. Ҳама чиз ба якборагӣ намешавад. Агар мо зина ба зина аз пайи ислоҳи камбудиҳо шавем, муваффақ хоҳем шуд. Баъдан мебинед, ки ғайрати аздастрафтаи рӯзноманигорони мо ҳам бармегардад.  

Вақте Акбари Саттор нест…

— Албатта, барои аз даст додани ғайрати рӯзноманигорон, ки шумо ишора кардед, омилҳое таъсиррасон буданд. Ба назари шумо барои ғайрат пайдо кардан чӣ бояд кард?

— Дар замони шӯравӣ рӯзноманигорӣ ба ҳукумату ҳизб пайванд буд. Газетаро “ёрдамчии содиқи партия” мегуфтанд. Бо вуҷуди ин сухани журналист қадр дошт. Танқид мекард, зеро ҳизб пуштибонаш буд. Ҳоло дар мо пуштибонии ҳуқуқӣ ҳаст. Президенти кишвар низ пайваста таъкид мекунанд, ки аз гуфтани ҳақиқат рӯй натобем. Қонунгузории мо барои фаъолияти журналистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Вале ҷуръат нест. Ин албатта омилҳои мухталиф дорад. Вале вақти он расидааст, ки як навъ ҳамкорӣ байни ҳукумат ва рӯзноманигорон пайдо шавад. Пуле лозим аст, ки онҳоро пайванд кунад. Фаҳмонидан лозим, ки рӯзноманигорон дар фикри ободии кишвар ҳастанд, агар онҳо мушикилотро мегӯянд, ҳадаф ислоҳ ва бартараф кардани он аст. Журналист фарзанди ҳамин Ватан аст. Дастовардҳояшро васф мекунаду камбудиҳоро ошкор. Дар навбати худ рӯзноманигорон низ шароитро бояд ба назар бигиранд. Сухани онҳо ва танқиди онҳо бояд созанда бошад ва ба манфиати миллату давлат равона шуда бошад…

— Шумо дар бораи пули байни ҳукумат ва рӯзноманигорон гуфтед. Мегӯянд, ки қаблан Акбари Саттор чунин рисолатро иҷро мекард. 

— Акбаралӣ шахсият буд ва воқеан чунин иқтидорро дошт. Ӯ ҳам дар ҷомеаи журналистӣ нуфуз дошт ва онҳоро сарҷамъ карда метавонист, ҳам дар идораҳои давлатӣ гапаш қадр дошт. Мулоқоти таърихии Пешвои миллат бо журналистон ҳам ташаббуси ӯ буд. Имрӯз чунин шахс лозим аст. Журналистони мо иқтидори кор кардану таҳлил кардан ва ба таври шоиста анҷом додани рисолати хешро доранд, фақат шароит лозим аст. Бояд Итттифоқи журналистон ва созмонҳои эҷодӣ кор кунанд. Дигар ин ки, мо дар Маҷлиси намояндагон намоянда дорем. Дар интихоботи нав 5 журналист узви парлумон шуд. Бояд инҳо ҳам атрофи мушкилоти пешаи хеш ва ҳамкасбонашон андеша кунанд.

Вақте блогер ҷойи журналистро мегирад…

— Ду суоли кӯтоҳ дорам.

— Бифармоед.

— Якум, блогерҳо ҷойи журналистонро мегиранд?

— Журналист барои кӣ хизмат мекунад? Барои мардум! Блогер чӣ? Барои мардум! Ба мардум фарқ надорад, ки иттилоъро аз кӣ мегирад. Воқеан, дар 5 соли охир блогерҳое пайдо шуданд, ки эътимоди мардумро ба даст овардаанд ва дар иттилоърасонӣ фаъоланд. Аз инҳо душман сохтан лозим нест, балки бо онҳо кор кардан лозим аст. Блогер истеъдоди худрӯй аст. Муошират карда метавонад, сухан гуфта метавонад, муҳтаво офарида метавонад, завқ дорад… Фақат касбият лозим аст. Пас бояд омӯзонид. Ассотсиатсияи блогерон бояд дар ин самт кор кунад. Дигар рақобат аст байни журналистикаи анъанавӣ ва блогерон ё журналистикаи муосир…

— Дуюм, газета аз байн меравад?

— Ман 10 сол пеш чунин фикр доштам, ҳоло аз фикрам гаштам. То он замоне, ки ман зинда ҳастам, газетаҳо аз байн намераванд (механдад).

Вақте дар дил шарора нест…

— Шумо беш аз 30 сол аст, ки дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тарбияи журналистон машғул ҳастед. Хушбахтона, банда ҳам хатмкардаи ин даргоҳ ва яке аз шогирдони шумо ҳастам. Солҳои охир вақте донишҷӯёни факултет ба редаксияи мо меоянд, он шӯру шавқеро, ки дар замони донишҷӯйӣ мо доштем, дар онҳо эҳсос намекунам. Шумо ба ин чӣ назар доред?

— Дуруст мушоҳида кардаед. Сол аз сол завқ кам шуда истодааст. Ба назари ман яке аз сабабҳо насанҷидани омилҳои табиӣ ва модарзодии доваталабон аст. Қаблан барои донишҷӯ шудан иншо яке аз имтиҳонҳои асосӣ буд, тавре санъаткорон имтиҳони маҳорат месупоранд. Ҳоло чунин нест. Дигар ин ки, дар мактабҳои миёна дар бораи журналистика маълумот дода намешавад. Бинобар ин, довталабони тасодуфӣ зиёд меоянд. Дигар ин ки, барои бедор кардани шӯру шавқи ҷавонон фазои ҷолиби рӯзноманигорӣ лозим аст. Телевизиону радио ва матбуоти фаъол ва журналистони фаъол бояд бошанд, ки ҷавонон миёни онҳо кумирҳояшонро кобанд. Як мушкили дигари мо он аст, ки имрӯз дар тамоми кишвар ихтисоси журналистика таълим дода мешавад. Ин мумкин нест. Ин қадар журналистонро барои кӣ тайёр мекунем? Ва саволи аз ин муҳимтар, киҳо дар он ҷо дарс мегӯянд? Бубахшед, факултаи моро базӯр тамом мекунанд, хабар мешавам, ки дар он ҷоҳо мудири кафедра шудаанд. Бинобар ин, вақти он расидааст, ки як Донишкадаи журналистика ва иртиботи оммавӣ ташкил дода шавад. Теъдодро бояд кам кунем ва ба сифат аҳамият диҳем.  

— Устод, ҳамин вазъ дар илм ҳам ҳаст. Олимони шинохтаи соҳа аз он шиква мекунанд, ки солҳои охир дар соҳаи журналистика мавзуҳои сатҳӣ зиёд ҳимоя мешаванд.

— Дуруст мегӯянд ва натанҳо дар журналистика. Барои мисол, дар мулоқоти хеш Пешвои миллат бо намояндагони илм бори аввал ба мавзуи асардуздӣ ишора карданд. Мавзуе, ки муддатҳо дар расонаҳо буд. Сарвари давлат масъалагузорӣ карданд, вале ҳеҷ санҷиш нашуд… Масъулин ба сухани Сарвари кишвар бетаваҷҷуҳӣ зоҳир карданд, ҳол он ки дар он мулоқот муҳимтарин масъалаҳои илми тоҷик матраҳ шуда буд. Ман аз он мулоқот илҳом гирифта, ҳамон замон як мақола навиштам, вале тағйироте нашуд.

Дар робита ба саволи шумо. Ин ҷо чанд омил ҳаст. Якум, интихоби унвонҷӯ, зеро тасодуфиҳо бисёр қабул мешаванд. Дуюм, роҳбари илмии босалоҳият. Бечора худаш базӯр, бо кумаки ким-кӣ рисолаи илмӣ дифоъ мекунад, худаш ҳанӯз моҳияти илмро дарк накарда, даъвои роҳбарӣ мекунад. Сеюм, дар илм ҷӯрагӣ, дилсӯзӣ, хешу табор бояд ба назар гирифта нашавад. Меъёр бояд илм бошад. Ахиран, илмро ба тиҷорат табдил додан лозим нест. Илм бояд ба истеҳсолот ворид шавад ва ба тиҷорат кумак кунад…

— Дар ҳамин замина як суоли дигар дорам. Бархе муаллимоне, ки имрӯзҳо ба тарбияи рӯзномнигорон машғуланд, ҳатто дар газетаи деворӣ лавҳа нанавиштаанд. Оё онҳо метавонанд журналист тарбия кунанд?

— Чанд сол қабл, вақте мо стандарти таълимиро таҷдид мекардем, бо устодони собиқадори факултет, аз ҷумла Сангин Гулов ва Қироншоҳ  Шарифзода як талабот мондем. Оне, ки дар факултаи журналистика кор мекунад, бояд 50% муҳаққиқ, 50% рӯзномнигор бошад. Яъне бо расонаҳо ҳамкорӣ дошта бошад. Вале риоя намешавад. Ҳатто мо муайян карда будем, ки вақте аз редаксия журналистон ба кори муаллимӣ меоянд, ба сифати кӣ ба кор қабул карда шаванд? Мисол, сармуҳаррир бояд баробари дотсент маош бигирад… Вақте ман мудири кафедра будам, Хуршеди Атовулло ва Раҷаби Мирзоро ба кор гирифта будам. Онҳо бачаҳоро ба редаксияҳо мебурдагӣ шуданд.

Вақте сарсупурда мешавӣ…

— Устод, чанд рӯз баъд 60-сола мешавед. Қабл аз он ки бо шумо суҳбат кунам, аз чанд нафар ҳамкасбонатон дар бораи шумо пурсидам. Як нафар гуфт, ки “Муродӣ сарсупурда аст, ӯ рӯзи истироҳат надорад, пайваста кор мекунад”…  

— Ташаккур. Ман албатта, худамро сарсупурда гуфта наметавонам, вале нафаре ҳастам, ки дар кор осоиш меёбам. Барои он ки дар ин кор муваффақ шудан пеш аз ҳама оилаи хуб доштан лозим аст. Ман хушбахтам, ки проблемаи оилавӣ надорам. Оилаи ман маро мефаҳмад, мисли дигарон “кай меоӣ?”, “чӣ меорӣ?” гуфта, маро дар ташвиш намемонад. Хонаву бозор дар ихтиёри вай. 11 сол мудири кафедра будам ва бештар шабона кори эҷодӣ мекардам. Асосан рисолаи докторӣ менавиштам. Муаллим Асадулло Саъдуллоев насиҳат мекарданд, ки дар як шабонарӯз ақаллан 2 соат машғули кори эҷодӣ бошем. Вақте ман докторӣ дифоъ кардам, маро аз мудирӣ гирифтанд. Худораҳматӣ Пайванд Гулмуродзода гуфтанд, ки ба қадрат нарасиданд, бинобар ин, беҳуда ба факултет набиё, фақат соати дарсиат биё, тамом. Ман гуфтам, ки дар хона нишаста наметавонам. Агар дар хона бошам, аламамро аз занам мегирам. Он кас гуфтанд, ки ман кори шуморо ҳал мекунам ва маро ба Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва итилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба кор оварданд. Ҳамин тавр, ман имрӯз ҳам дар донишгоҳ кор мекунам, ҳам дар пажӯҳишгоҳ. Дар пажӯҳишгоҳ барои ман шароит муҳайё аст. Бинобар ин, рӯзҳои истироҳат ҳам омада ба корҳоям машғул мешавам. Ман барои худам чунин муҳит сохтам. Ҷӯрабоз нестам, ба ҳар куҷо намеравам…

— Як хотироти шуморо дар бораи устод Воҳид Асрорӣ хонда будам. Шумо менависед, ки баъди хатми донишгоҳ Асрорӣ чанд вақт шуморо мекобанд ва ба донишгоҳ меоранд. Яъне чунин устодони хайрхоҳ аз пайи шогирдон буданд. Имрӯз ҳастанд чунин нафарон?

— Шояд бошанд, вале камтар. Ман шабона таҳсил ва рӯзона кор мекардам. Аввал дар фабрикаи чарму чарчинбарорӣ коргар будам, баъдан дар мактаби рақами 31 муаллим. Ҳимояи рисолаи дипломии мо ба солҳои нооромӣ рост омад. Моҳи август бо хатмкунандагони бахши рӯзона имтиҳон супоридем. Дар дифоъи рисолаи дипломии ман устод Асрорӣ бисёр парешонхотир нишаста буданд. Мавзуи ман “Маводи тоҷикии нашрияи “Ҳуррият” буд. Вақте маърӯза кардам, муаллим омада дастамро фишурданд ва гуфтанд, ки ин бачаро ба кафедра мегирем. Баъди ин ду бор омадам, вале муаллим набуданд. Бинобар ин, аз пайи корҳоям рафтам. Як рӯз Пайванд Гулмуродзода ба суроғам омаданд. Гуфтанд, ки куҷо мегардед, устод Асрорӣ шуморо мекобанд. Омадам. Муаллим гуфтанд, ки ман туро чанд моҳ аст, ки мекобам, ту бояд муаллими мо бошӣ. Ҳамин тавр сарнавишти ман ба муаллимӣ ва ба донишгоҳ пайванд шуд. Устод барои мо некиҳои зиёде карданд. Эшон фидоӣ буданд. То дами марг дар фикри факултету кафедра буданд. Чанд рӯз пеш аз маргашон ба аёдат рафтам. Гуфтанд, ки ин рӯзҳои вазнину нобасомонӣ мегузаранд, умри ман тамом шудааст, вале шумо нигарон набошед, ноумед нашавед, кафедраву факултетро эҳтиёт кунед. Чунин инсон буданд, ки на дар фикри марги хеш, балки дар фикри дигарон буданд. Ёдашон ба хайр. Имрӯз чунин нафарон нестанд. Устод Асрорӣ мегуфтанд, ки вақте касеро ба кор ё шогирдӣ мегирӣ, аввал одамияташро ба назар гир. Бо гузашти солҳо ба хулоса омадам, ки дуруст аст. Инсонро кофтан лозим.

— Дар поёни суҳбат суоле медиҳам, ки аз мавзуи суҳбатамон берун аст. Ба наздикӣ як китобатон таҳти унвони “Шаҳодати Кумарғ” аз чоп баромад. Кумарғ зодгоҳи шумост, ки аз байн рафт. Чӣ эҳсос кардед?

— Деҳаи мо дар ҷояш аст, вале дар ихтиёри мо нест. Ширкати хитоӣ дар он ҷо корхона сохт ва деҳаи моро кӯчонид. Баъдан маълум мешавад, ки кӯчонидани деҳа зарур набудааст. Вале баъзеҳо аз рӯйи ҳирс ин корро карданд. Ҳамчунин, мардуми деҳа ҳам талош накарданд. Якҷоя шуда талаб накарданд, ки аҳолии деҳаро якҷоя ба ҷойи дигар кӯчонанд, деҳа пароканда шуд. Як хонавода ба Душанбе кӯчид, дигаре ба Хуҷанд, сеюмӣ ба ҷойи дигар. Анъанаи деҳадорӣ аз байн рафт. Ман китобамро “Шаҳодати Кумарғ” ном гузоштам. Шояд рӯзе баъд аз он ки хитоиҳо корашонро тамом карда мераванд, мардум бозмегарданд ва заминҳои аҷдодиро соҳиб мешаванд…

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image