Профессор Нуралиев: Нашрияи чопӣ аз байн намеравад!

…Мардум рӯзномахон нестанд. Чаро? Айб дар хонанда аст ё дар рӯзнома? Ва ё  дар замона? Дар ин матлаб бо ин суол посух ҷустем

Газета, ки дар даврони гузашта бо номҳои “ҷарида”,  “ахборнома” ва “номаи рӯз” ном бурда мешуд ва имрӯзҳо номи “рӯзнома”-ро ба худ гирифтааст, воситаи асосии расонидани ахбор аст. Гарчанде дар Аврупо газета шурӯъ аз асри XVI ба нашр мерасад, мардуми тоҷик ба ин воситаи иттилоърасон дар асри ХХ дастрасӣ пайдо карданд.

“Бухорои шариф”, ки нахустрӯзномаи тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, 11-уми марти соли 1912 бо ташаббуси ҷадидони Бухоро ба чоп расида буд ва зуд маҳбубият пайдо кард. Аммо хонандаи зиёд доштани “Бухорои шариф” ҳукумати вақтро ба ташвиш андохт ва дар 2-юми январи соли 1913, пас аз шумораи 153-юми худ аз тарафи мақомоти боло аз нашр боздошта шуд.

Феълан, дар Тоҷикистон даҳҳо нашрияи давлативу мустақил ба нашр мерасад, аммо мардум рӯзномахон нестанд. Чаро? Айб дар хонанда аст ё дар рӯзнома? Ва ё дар замона?

Бо ин масъала бо профессор Абдусаттор  Нуралиев мусоҳибае гузаронидем ва эшон ин нуқсони ҷомеаро  “айб аз ду ҷониб аст”- гуфта чунин шарҳ доданд:

“Аввал он ки рӯзномаҳои мо ҳафтанома ҳастанд, чун мардум хабарҳоро бо тариқи телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ дастрас мекунанд, зарурат ба рӯзнома намемонад.

Сабаби дигар ин ки маводи  калонҳаҷм  дар рӯзномаҳои мо хеле зиёд аст ва барои хондани он вақт ва сабри зиёд лозим меояд.

Саввумӣ, бояд рӯзнома диққатҷалбкунанда бошад ва дар он проблемаҳои ҷомеа инъикос ёбад, ки ин ҳам кам ба чашм мерасад.

Чаҳорум, дар хориҷа рӯзномаҳо рангоранг ба нашр мерасанд, ки ин хонандаро аз ҷиҳати эстетикӣ  ба худ ҷалб мекунад ва дар ҳар як саҳфаи он то 5-6 маводи мухтасар ва пурмазмун ба чоп мерасад. Дар мо баъзан баръакс — ду саҳифа бо як мақола пур мешавад, ки ҳеҷ мушкилии ҷомеа дар он инъикос наёфтааст, бинобар ин, хонандагон рӯз то рӯз коҳиш меёбанд.

Ва панҷум, азбаски нусхаҳои электронии рӯзномаҳо дар шабакаҳои интернетӣ мавҷуданд, мардум рӯзномаро кам харидорӣ мекунанд”.

Дар ин ҷо саволе ба миён омад, ки оё интернет ҷойгузини рӯзнома мешавад?

Профессор Нуралиев Абдусаттор мегӯяд, ки “рушди воситаи электронии ахбор ба матбуот таъсир мерасонад, аммо нашрияи чопӣ аз байн намеравад.

 -Мардум бештар ба маводи чопӣ эътимод доранд, барои мисол китобҳои муқаддас “Таврот”, “Инҷил” ва “Қурбон” тариқи хаттӣ ба мардум расидаанд. Дигар ин ки на ҳамеша маводи интернет эътимодбахш аст, фейк дар фазои маҷозӣ хеле зиёд мебошад. Бинобар ин, нашрияи чопӣ ҳамеша воситаи эътимодбахш боқӣ мемонад, — мегӯяд, профессор Нуралиев. 

Бо  мақсади муайян намудани хонандаи рӯзнома  байни 35 нафари синну соли гуногун, чунин пурсише гузаронидем: — “Оё шумо рӯзнома мехонед?”

Хушбахтона,  аз 21 нафари дар пурсиш иштирок намуда, ки нафарони синнашон аз 35 боло буд, ҷавоби “бале”-ро шунидем.  

12 нафар, ки рӯзнома намехонанд мегуфтанд: рӯзномаҳои мо маводи хонданӣ надоранд. Ва ду нафар аз посух додан худдорӣ намуданд, ки он шаҳодати ин буд, ки дар ҳаёт ё рӯзномаро ба даст нагирифта буданд…

Аз натиҷаи мусоҳиба ва назарсанҷӣ хулосае баровардан мумкин аст, ки ҳанӯз хонандаро ба матбуот ҷалб кардан имкон дорад.  Агар рӯзномаҳо камбудии худро дарк намуда, дар паи ислоҳи он шаванд, шояд хонанда низ дигарбора рӯ оварад ба рӯзнома ва он  мақому мавқеву обрӯе, ки дар гузашта дошт, дубора пайдо шавад.

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ,

донишҷӯи соли аввали факултети журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Pingback: Профессор Нуралиев: Нашрияи чопӣ аз байн намеравад! — Меҳрофарин

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *