Профессор Содиқӣ: Маро Хайём ба Тоҷикистон овард
Ӯ дар нахустин ҷарроҳии дил дар Амрико иштирок дошт. Баъдан беш аз 10 000 ҷарроҳӣ, 80 пайванди дилро дар Аврупо анҷом дод. Тарҷумаи Умари Хайём ба 11 забон заҳмати қариб 30-солаи ӯст. Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари ҳушманд медонад ва шеъре дар борааш гуфтааст.
Рӯ ба рӯи мо марде қарор дорад, ки гумон доштам дар домони 70 аст. Аммо баъдтар мефаҳмам, ки 93-сола будааст.
— Ҷаноби Содиқӣ!,- ӯро муаррифӣ мекунад ба мо директори Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода. Ва зимнан мегӯяд: “Таҷрибаи духтурии ин кас метавонад мактаби бузурге барои табибони Тоҷикистон бошад. Ҳамчунин, тарҷума ва нашри осори Умари Хайём ба 11 забон заҳмати эшон аст”.
Доктор Содиқӣ китоби бо алифбои форсӣ ҳаккокишудаи Умари Хайёмро ҷонибам дароз мекунад. Баъдтар ӯ мегӯяд: “Падарбузургам дар рӯи харбузаю тарбузҳои полез машқи хат мекард”.
Суҳбати мо дар арафаи Рӯзи Умари Хайём, ки ҳамасола 18-уми май таҷлил мешавад, дар толори Бемористони Ибни Сино сурат гирифт. “Маро Хайём соли 1998 бори аввал ба Тоҷикистон овард,- ба суҳбат оғоз мекунад, профессор Содиқӣ. — Мехостам тарҷумоне пайдо кунам, ки Хайёмро ба забони русӣ тарҷума кунад. Зеро дар Тоҷикитон дӯстоне доштам, ки русиро хуб медонанд. Бо профессор Парвона Ҷамшед дар ҳаммуаллифӣ китобчаеро ба чоп расонида будам”.
Мехостам таъкид кунам, ки Умари Хайёмро ҳанӯз ибтиоди асри 19 ба забони русӣ тарҷума карда буданд. Аз Василий Величко (1891) сар карда, то Державину Плисетскию Сетсилия Бону (ҳамсари устод Лоҳутӣ). Вале худдорӣ кардам.
Бозёфти Содиқӣ: Хайём нафари сеюм буд
— Магар аз тарҷумаҳои русии Хайём хабар надоштед?
— Хайёмро ба забонҳои фаронсавию инглисӣ ҳам қаблан тарҷума карда буданд. Бубинед, мо мисли Хайём шоире надорем. Барои Хайём шеър гуфтан мисли тафреҳ буд. Хайём ҳеҷ вақт даъвои шоирӣ ҳам намекард. Зеро он замон шоирон дарборӣ, маддоҳони шоҳон буданд. Бинобар ин, манзури Хайём баёни афкори фалсафӣ бо шеър буд. Ӯ рубоиёташ, ашъорашро пинҳон медошт. На ҳама рубоиҳо, ки аз номаш мегӯянд, мутааллиқ ба ӯст. Инглисҳо Хайёмро ҳаргуна муаррифӣ кардаанд. Ба фикри аксари онҳо Хайём фақат бода менӯшиду ягон кори муҳимеро анҷом намедод. Дар ҳоле, ки Хайём як донишмани фавқулоддаи пуркоре буд. Мисли Хайём корҳои муҳимеро дар риёзиёт ва илми нуҷум касе накардааст. Ӯ шахсияти истисноӣ буд. Хайём ангушт гузоштааст руйи ду матлаб: яке маргу дигаре зиндагӣ. Ӯ ҳамеша гӯшзад мекард, ки аз зиндагӣ истифода баред, онро хуш гузаронед. Ман фалсафаи зиндагии Хайёмро дар як байтам чунин хулоса кардам:
Зи хотир набар охирин лаҳзаро,
Ки то баҳра гирӣ зи ҳар лаҳзае.
Одатан, рубоиёти Хайёмро адибон худашон интихоб ва нашр мекарданд. Мутаассифона, адибон роҷеъ ба уламо маълумоти кам доранд. Онҳое, ки уламоро хуб мешиносанд, ба адабиёт алоқамандии беш надоранд. Вале ман, чун табиб ҳардуро дӯст дорам, бинобар ин, тавонистам чизҳои ҷолиберо пайдо кунам.
Барои мисол, се рубоӣ аз Хайём пайдо кардам, ки яке роҷеъ ба замон, дигаре пайдоиши коинот ва сеюмӣ ба манзумаи шамсӣ.
Роҷеъ ба замон:
Давре, ки дар ӯ омадану рафтани мост,
Онро на бидоят, на ниҳоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост?
Ман ҳам мисли мардум дар ибтидо ин мафҳумҳоро омадану рафтани худи мо фикр мекардам. Ин иштибоҳи комил аст. Ин ҷо Хайём роҷеъ ба замон ҳарф мезанад. Замоне, ки мо омада меравему охир надорад. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки замон аз куҷо ба куҷо меравад. Ин омадану рафтан як масъалаи илмӣ, моли замон аст, на моли мо. То ҳол намедонем, ки замон дақиқан кай шуруъ шуда ва кай тамом хоҳад шуд.
Рубоии дигар роҷеъ ба пайдоиши кайҳон аст:
Ин баҳри вуҷуд омада берун зи нуҳуфт,
Кас нест, ки ин гавҳари таҳқиқ бисуфт.
Ҳар кас сухане аз сари савдо гуфтанд,
З-он руй, ки ҳаст, кас намедонад гуфт.
Рубоии сеюм манзумаи шамсист, ки Хайём 400 сол пеш аз Коперник гуфтааст:
Ин чархи фалак, ки мо дар ӯ ҳайронем,
Фонуси хаёл аз ӯ мисоле донем.
Хуршед чароғ дону олам фонус,
Мо чун суварем, к-андар ӯ гардонем.
Мардум ҳатто намедонанд, ки фонуси хаёл чӣ мафҳумест. Фонуси хаёлро мардуми Чин қабл аз масеҳият ихтироъ карданд ва баъд аз 1300 сол омада буд ба замони Хайём. Хайём, ки бештар бо бузургони дарбор буд, онро дидааст. Ин як фонусе, ки дар васаташ як шамъе ва болои шамъ, байни ду аҳром як парвонае. Меҳвари парвона ба андозаи як доира васеъ буд. Вақте ки шамъро рӯшан мекунем, он гардиш мекунад, ҷило медиҳад ва боис мешавад, ки парвона ҳаракат кунад. Аз ин доира ҳам муъҷизаҳои хеле зиёд ба вуҷуд меояд. Гов, шутур, асп, инсон, ҳатто мурғро овезон мекунанд. Вақте аз берун ба шамъ нигоҳ мекунед, мебинед, ки чӣ тавр онҳо мераванду меоянд.
Як олими ҳинд, ки ситорашинос ва риёзидони машҳур буд, бори аввал гуфта буд, ки замин гирди хуршед мегардад. Вақте ки Султон Маҳмуд Ҳиндро ғорат мекард, он замон донишмандонро бо худ мебурд, аз он ҷумла Абурайҳонӣ Беруниро низ бурда буд. Ин нуктаҳоро низ Абурайҳонӣ Берунӣ шарҳ додааст. Баъд аз бозгашт, шояд аз тарси муллоҳо бошад, ки ин ақидаро ба касе шарҳ надод. Хайём 100 сол баъд аз Абурайҳони Берунӣ ба ин мавзуъ даст задааст. Бинобар ин, ба ақидаи шахсии ман, се нафар пеш аз Коперник ин мавзуҳоро гуфтаанд, ки Хайём нафари сеюм аст.
Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад
— Ҷаноби профессор, шуморо чӣ водор сохт, ки рӯй ба шинохти Хайём оред?
— Замони мактабхонӣ, муҳассили донишгоҳ будан, бо шеъру шоирӣ алоқаи зич доштам. Ошиқи рубоиёти Хайём будам. Ман дар деҳе зода шудаам, ки дар наздикии Нишопур аст. Шояд ҳамин ҳам боис шуда бошад, ки ба хайёмшиносӣ даст занам. Замони дар бемористон кор кардан имкон надоштам, ки ба хайёмшиносӣ машғул шавам. Баъди бознишаста шудан, нахостам бекор нишинам. Ҳамин тавр, рӯй овардам ба Хайём.
— Деҳае, ки ба дунё омадед, чӣ ном дошт?
— Чакана.
— То имрӯз рубоиёти Хайёмро бо чанд забон тарҷума кардед?
— Бо ду забон — фаронсавӣ ва инглисӣ. Вале осори Хайёмро бо забонҳои мухталиф ба табъ расонидам. Чопи сеюми китоби Хайём, ки банда нашр кардам, ба 8 забон аст. Миёни тарҷумонҳо ду хонум ҳам ҳастанд — яке чинӣ ва дигаре ҷопонӣ. Хонум Сосокиро аз Ҷопон ба Шветсария даъват кардам. Омад ва як ҳафта бо ҳам 110 рубоии Хайёмро хондем, таҳлил кардем. Баъд аз ин ба Пекин рафтам. Дар он ҷо хонум Вонго, ки забони форсиро хуб медонист, Хайёмро ба забони чинӣ тарҷума кард. Ман ҳар мисраъро барояш шарҳ медодам, ӯ тарҷума мекард. Бо забони испанӣ низ як хонуме тарҷума кард. Ҳоло тасмим гирифтам, ки китоби навро ба чоп диҳам. Дар ин нашр рубоиҳои Хайём бо форсӣ, арабӣ ва фаронсавӣ низ чоп хоҳанд шуд.
— Ҷаноби профессор, чӣ водор сохт, ки ба тарҷумаи рубоиҳое даст занед, ки қаблан тарҷума шудаанд?
— Роҷеъ ба Хайём зиёд навиштаанду гуфтаанд, вале ҳанӯз ҳарфҳои ногуфта зиёд аст. Алии Даштӣ дар китобаш — “Даме бо Хайём” мегӯяд, ки мо аввал Хайёмро бояд шиносем ва баъдан роҷеъ ба рубоиҳояш сухан ронем. Мутаассифона, то имрӯз мо Хайёмро хуб нашинохтаем, ҳатто тарҷумаи дақиқи ҳоли ӯро надорем. Чун шахсияти Хайём бароям қобили эҳтиром аст, пажуҳиши жарфи осори ӯро муҳим медонам. Банда саъй кардам, ки рубоиёти асили Хайёмро, ки ба андешаи ман шумораи онҳо ба 110 мерасад, таҳқиқ ва тарғиб намоям.
Аз Чакана то Шветсария
— Чӣ гуна шахсе аз Чакана, деҳи хурде, ки аз номаш бармеояд, тавонист Аврупоро тасхир кунад?
— Одамони бузург, донишмандон аслан деҳотиянд. Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зодагони деҳоти кучаки музофоти Бухороянд.
Хишти аввалро барои ҷарроҳи қалб шудан падарбузурги деҳотиям гузошт. Ӯ инсони истисноӣ буд. Ба адабиёту шеъру шоирӣ алоқаи зиёд дошт. Як ҳодисаи аҷиберо бароятон нақл мекунам. Падарбузургам мерафт полизи харбузаҳо, он ҷо дар рӯйи тарбузу харбуза навиштанро машқ мекард. Ӯ таваҷҷуҳи хоса ба илм ва фарҳанг дошт. Падарам ҳам таҳсилдидаи дабистони деҳа аст. Дар омӯзишгоҳи Хуросон се сол таълим гирифт ва масъули бахши молия дар Чакана шуд. Дар Чакана соли 1906 бо ташаббуси падарам дабистон бунёд шуд. Баъдтар ман маълумот пайдо кардам, ки он нахустин дабистони давлатӣ дар Эрон будааст. Сарварии дабистонро падар бар дӯш дошт.
— Магар таҳсил дар хориҷи Эрон кори дасти падарбузургатон буд?
— Худо раҳмат кунад Ризошоҳи Паҳлавиро. Ӯ ҷавононро ба хориҷа мефиристод, то таҳсил кунанд ва баъдан барои хизмат ба ватан баргарданд. Ман баъд аз хатми омӯзишгоҳ Теҳрон рафта будам барои омодагӣ ба донишкадаи тиббӣ. Он вақт аз озмун бо сари баланд гузаштам ва маро насиб гардид, то донишҷӯйи донишкадаи тиббӣ гардам. Вале фикр намекардам, ки ғолиби озмун гардам. Фикр мекардам ин озмунҳо ҳама барои писарони вазиру сарватмандон аст. Падарам имконоти хуби молиро надошт, ки маро ба Аврупо ё Амрико барои таҳсил фиристад. Баъд аз 7 соли таҳсил дар донишкадаи тиббӣ мехостам тахассус гирам ва ният доштам, ки табиби гӯшу гулӯ шавам, вале ман ҷой пайдо накардам ва рафтам ба сӯйи ҷарроҳии умумӣ. Дар шуъбаи ҷарроҳии умумӣ ба як ҷарроҳи дил кумак мекардам. Ӯ маро зиёд ташвиқ кард, то он ҷо бимонам. Мардуми деҳот як расм доштанд: баъд аз хатми донишгоҳ ва гирифтани тахассус меомаданд ба деҳа ва онҷо кору фаъолият мекарданд. Соли 1964 ба Эрон омадам. Аммо ҷарроҳии қалб он қадар зиёд набуд. Баъд аз 6 моҳи соли 1964 бозгаштам ба Шветсария. То бознишастагӣ, соли 1996 дар Лозанна ҳамчун ҷарроҳ фаъолият кардам.
Бо Булӯриён ифтихор дорам
— Дар маҷмуъ чанд ҷарроҳии дил анҷом додед?
— Дақиқан гуфта наметавонам, вале тахминан 10 ҳазор. Дар ин давра шогирдони зиёде омода кардам. Онҳо дар Амрико, Фаронса, Шветсария, Юнон, Туркия ва кишварҳои зиёди дигар кор мекунанд. Соли 2010 бо даъвати Абдухалил Холиқзода ба Бемористони Ибни Сино омадам. Ӯ бароям тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда буд. Чун ман бознишаста будаму шуғли хайёмшиносӣ доштам, нахостам дигарбора ба ҷарроҳии дил баргардам. Аз Эрон шогирдам Булӯриёнро хоҳиш кардам, то биёяд ба Тоҷикистон ва ба мардуми инҷо хизмат кунад.
Замоне ки ҷарроҳии қалби ман ба миён омад, аз Булӯриён хоҳиш кардам, ки ин корро анҷом диҳад. Ҷарроҳе дар сатҳи ӯ дар дунё ангуштшумор аст. Бо Булӯриён ифтихор дорам.
— Аз 10 ҳазор ҷарроҳие, ки анҷом додед, кадоме нодир буд?
— Албатта ҳар кадоме нодир буд. Аз 80 пайванди қалб (пересадка), ки дар Амрико ва Аврупо анҷом додам, танҳо 3 нафарашон фавтиданд. Ин натиҷаи хуб аст.
— Чанд фарзанд доред?
— Ду фарзанд, духтарам тарҷумон, панҷ забон медонад, писарам физик.
Бардошт аз Тоҷикистон
— Шумо ба Тоҷикистон зиёд сафар кардаед. Ҳоло онро чӣ гуна мебинед?
Туро Тоҷикистон навиди диҳам,
Зи ман ин башорат ба хотир супор.
Чу дорӣ ба батн мардумони наҷиб,
Кунандат сарафроз дар ин диёр.
Чу Раҳмон бувад раҳбари ҳушманд,
Диҳад тоҷиконро рифоҳу виқор.
Ки сармояат раҳбару мардуманд,
На нафту на кони фузунатшумор.
Суҳбатнигорон:
Шариф ҲАМДАМПУР,
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ