Профессор Султонов мудири кафедраи донишгоҳи Япония шуд
Профессори тоҷик Мирзосаид Султонов мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Коеки, яке аз донишгоҳҳои мӯътабари Ҷопон таъйин шудааст.
Мирзосаид Султонов нахустин донишманди тоҷик аст, ки дар як мактаби олии Ҷопон ба чунин мақоми баланд мерасад.
Мирзосаид Султонов аз устодони собиқадори тоҷик дар донишгоҳҳои Ҷопон мебошад. Ӯ соли 2013 унвони доктории худро дар бахши иқтисод аз Донишгоҳи Кобеи Ҷопон ба даст оварда, то соли 2015 дар ҳамин донигшоҳ аз фанни иқтисод дарс медод.
Мирзосаид Султонов моҳи апрели соли 2015 ба унвони донишёр( Associated Professor) дар Донишгоҳи Коеки дар шаҳри Саката пазируфта шуд ва моҳи апрели соли 2018 сазовори унвони профессори ин донишгоҳ шуда, ба мақоми мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ таъйин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ