Прокуратура дар хонаҳо қабули гармиро месанҷад
Ба наздикӣ бо гармӣ таъмин намудани 1242 иншоот дар пойтахт, аз ҷумла 1082 адад биноҳои бисёрхонагии манзилӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо инобати дар мавсими пешорӯ ба фаъолият шурӯъ кардани иқтидорҳои навбати дуюми Маркази барқу гармиистеҳсолкунии №2-и ШСХК «Барқи Тоҷик» дар Душанбе, бо гармӣ таъмин намудани 1242 иншоот дар пойтахт, ки аз он 1082 ададро биноҳои бисёрхонагии манзилӣ ташкил медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣоид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақомоти прокуратураи шаҳр дархост намудааст, ки омодагии иншооти зикршуда ба қабули гармӣ дақиқ санҷида шавад.
Раиси пойтахт аз ҳолатҳои ҷой доштани истифодаи нерӯи гармии интиқолшванда ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳамчун оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ аз ҷониби бархе аз истеъмолкунандагон интиқод намуда, зикр сохтааст, ки сохторҳои зидахл дар пешгирии ин амалҳо, ки оби техникӣ барои саломатӣ ва истифодаи маишӣ зараровар аст, корҳои фаҳмондадиҳоро миёни аҳолӣ пурзӯр намоянд ва аҳли ҷомеаро бархурдор созанд, ки аз нигоҳи технологӣ Маркази барқу гармитаъминкунии зикршуда танҳо барои истеҳсоли гармӣ, на таъмин бо оби гарм нигаронида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ