Прокуратура сабаби ҳабси Файзи Олиро шарҳ дод
Прокуратураи генералии Тоҷикистон сабаби боздошти Файзалӣ Юлдошев (Файзи Олӣ), вакили мудофеи тоҷикро шарҳ дод. Бино ба иттилои мақомоти прокуратура, ӯ барои расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба кормандони прокуратура ва палатаи ҳисоб барои ришвагирӣ зиндонӣ шуд.
Тавре ки дар сомонаи расмии ин ниҳод омадааст, ки “Юлдашев Ф.Ш., бархилофи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвакатура ва фаъолияти адвакатҳо”, бо мақсади оворакунии мақомоти давлатӣ, қасосгирӣ ва дигар ниятҳо, бе огоҳии шахси ваколатдиҳандааш Ҳамроҳзода Ш., аз қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд норозигӣ карда, ба Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам хаттӣ муроҷиат карда, оиди гӯё аз ҷониби корманди прокуратура Холиқзода У. содир намудани ҷинояти вазнин, яъне бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба миқдори 21000 сомонӣ, ревизори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ҷ.Ҷ. гирифани пора ба миқдори 50000 сомонӣ ва ҳимоятгар Саидова Ҳ.У. бо роҳи қаллобӣ гирифтани 20000 сомонӣ аз Ҳамроҳзода Ш. ва дигарон дидаю дониста хабари бардурӯғ расонидааст”.
Ҳамин тариқ, суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷикро ба 2,5 сол зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Ҳукми Файзи Олӣ 29-уми ноябр содир шудааст. Суд ин вакили дифои 74-соларо ба “дурӯғгӯӣ” нисбат ба кормандони Прокуратура гунаҳкор донистааст. Гуфта мешавад, ки Файзи Олӣ баъд аз эълони ҳукм аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ