Прокуратураи генералии  Русия  ба шаҳрванди тоҷикаш кумак мекунад

Прокуратураи генралии Русия  аз Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи хонаводаи Бековҳо дар заминаи баҳси печидае бар сари қарзи барқ, расидагӣ кунад.

Номаи Додситонии кулли Русия рӯзи 19-уми декабр ба шӯъбаи умумии Прокуратураи генралии Тоҷикистон ворид шуд. Дар он аз мақомоти тоҷик дархост шудааст, ки ба баҳси шаҳрвандони Русия расидагӣ кунанд. Масъулин дар ин сохтор мегӯянд, ки ин шикоят санҷида мешавад.

Ҳасан Бекови 54-сола ва чор узви дигари оилааш шаҳрвандии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд. Зиндагиву кори онҳо ҳам мавсимӣ буда, байни ду кишвар тақсим шудааст. Манзили онҳо дар деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод — макони зисти ҳамешагии асосан 8 узви дигари оила, аз ҷумла бонувону фарзандон аст.

Оғоз баҳси Идораи барқ бо хонаводаи Бековҳо

Ба гуфтаи Ҳасан Беков, ки рӯзи 19-уми декабр бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Ртишевои вилояти Саратови Русия сӯҳбат мекард, баҳси ходимони Идораи барқи Файзобод ва онҳо моҳҳои август-сентябри имсол шурӯъ шуд. Рӯзе, баъди санҷиши ҳисобкунаки барқӣ дар манзили Бековҳо, кормандони маҳаллии идораи барқ ин хонаводаро дар сохтакорӣ айбдор карданд.

Онҳо гуфтанд, ки дар ҳисобкунаки барқии ин хонавода «симе махсус барои камтар кардани масрафи барқ гузошта шудааст, ки дар натиҷа, танҳо 50 дарсади неруро ҳисоб мекардаасту тамом». Дар ниҳоят масъулини Идораи барқ ин хонаводаро дар пардохт нашудани қарзи ҳангуфти барқ дар давоми 20 соли охир айбдор ва талаби пардохти ҷубронпулиро дар ҳаҷми 8 то 10 ҳазор сомонӣ карданд.

Симҳоро буриданд ва хонаро бебарқ гузоштанд

Ин иттиҳомро Бековҳо комилан бепояву асос хонда мегӯянд, ки даст ба сохтакории ҳисобкунак назадаанд, пули барқро тамоми ин солҳо бидуни мушкил пардохт мекарданд ва тамоми коғазҳои расмии пардохти ҳаққи барқро дар даст доранд.

Он чи ки дар ин баҳс мавриди нигарони сахти хонавода шудааст, ин аст, ки ходимони Идораи барқ ҳисобкунакро бурида, дастрасии оиларо ба нерӯи барқ аз моҳи сентябр ба ин сӯ қатъ кардаанд. Дар натиҷа, дар сардии зимистон тамоми ҳавлӣ ва хонаҳо аз барқ маҳрум шуда, оила бо шамъу чароғи керасинӣ торикиро рӯз мекунад.

Шикояти Бековҳо ба президент

Бековҳо баъди ин аз болои кормандони ширкати «Барқи тоҷик» то ба дастгоҳи президент шикоят карданд. Як намояндаи ширкати «Барқи тоҷик» рузи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан ҳам баъди муроҷиати сокини Файзобод Ҳасан Беков ба унвонии президенти кишвар, аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ барои ҳалли ин масъала дархостнома ворид шуд. Санҷиши қазияро додситонии Файзобод ҳам ба ӯҳда гирифт.

Сӯҳроб Нуриддинов, муовини раиси Шабаки барқи Файзобод рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳақиқат онҳо ба манзили Ҳасан Беков рафтаанд ва бинобар напардохтани пули барқ сими онҳоро буриданд. Вай гуфт, зимни тафтиши ҳисобкунаки барқӣ симе дар дохили ин дастгоҳ пайдо шуд, ки 50 дар сади неруи барқро ҳисоб мекардааст.

«Инро ҳам маълум кардем, ки чанд сол қабл як хеши онҳо, ки дар шабака кор мекард, ин симро гузоштааст, на аъзои ин хонавода. Мо пешниҳод кардем, ки то анҷоми таҳқиқот дар прокуратураи Файзобод, барқи онҳоро васл кунем, вале розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки то анҷоми пурраи тафтишот бебарқ зиндагӣ мекунанд. Онҳо боз ҳамчун шаҳрванди Русия даъво доранд».

Нуриддинов гуфт, ки «рафтори Ҳасан Беков нодуруст аст» ва онҳо «бояд 8 ҳазор сомонӣ ҷаримаро пардохт кунанд». Ин маблағ муодили тахминан 900 доллари амрикоӣ мебошад.

Муроҷиат ба додситонӣ ва сафорати Русия

Ҳасан Беков, ки аз қазовати ба гуфтаи ӯ «ноодилона»-и мақомоти барқ дар Тоҷикистон розӣ нест, ахиран ба унвони шаҳрванди Русия аз Додситонии кулли ин кишвар ва ҳам сафорати Русия дар Душанбе кӯмак хост.

Ҳасан Беков дар шаҳри Саратов, дар идораи Роҳи оҳани Русия ба ҳайси танзимгар кор мекунад. Ҳоло дар Файзобод ҳамсар, ду писар ва духтару набераҳояш зиндагӣ мекунанд.

Назари қонун ба ин баҳс

Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, ҳуқуқдон ва узви порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси Конвенсияи Кишинёв, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва расонидани корҳои гражданӣ, оилавӣ, ки дар соли 2003 ба тасвиб расидааст, Додситонии кулли Русия ҳақ дорад дар сурати поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандаш барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, муроҷиат кунад.

Ин узви Маҷлиси намояндагон дар идома гуфт, ки Тоҷикистон низ дар сурати поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, бо такя ба ин санад барои ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандонаш ба додситонӣ ва додгоҳи Русия муроҷиат мекунад. Ба гуфтаи Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, дар ин моҷаро баҳс дар бораи сокини Тоҷикистон меравад, ки шаҳрвандии дугона доштааст. «Дар ин сурат Русия комилан метавонад барои ҳимояи ҳуқуқии ӯ мусоидат кунад»,-афзуд вай.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик мебошад ва солона ҳазорон нафар зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз аввали сол то моҳи августи соли ҷорӣ 16 324 шаҳрванди собиқи Тоҷикистон шиносномаи Русияро дарёфт кардаанд. Ин манбаъ афзудааст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ дар заминаи дарёфти шаҳрвандии Русия баъд аз Украина ва Қазоқистон дар мавқеи севум қарор дорад.

“Озоди”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *