Прокурор: Барқасдона гузарони ВНМО дар як моҳ аз як сол ҳам зиёд шудааст
Прокурор: Барқасдони гузарони ВНМО дар як моҳ аз як сол ҳам зиёд шудааст
Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Водиҳидов изҳори нигаронӣ кард, ки танҳо дар давоми моҳи январи соли 2019 нисбати 7 нафари мубталоёни ВНМО бо моддаи 125 Кодексия ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дидаву дониста таҳти хавфи сироят қарор додани одами дигар ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ба гуфти додситони вилоят соли 2018, яъне дар давоми як сол ҳамагӣ нисбати 6-нафар ба моддаи зикршуда парванда оғоз шуда буд, аммо дар як моҳи соли 2019 ин шумора ба 7 адад расид: -“Ҷиҳати нигаронкунанда он аст ки танҳо дар як моҳи соли 2019 шумораи парвандаи ҷиноятӣ, ки барои дидаву дониста таҳти хавфи сирояти ВНМО қарор додани одами дигар 7 адад ба қайд гирифта шуда, то моҳи феврал ин шумора аз 10 адад ҳам афзудааст. Яъне барқасдона гузарони ВНМО дар як моҳ аз як сол ҳам зиёд шудааст”-афзуд прокурор.
Аз 17 нафар арӯсу домодшавандагон ВНМО дарёфтанд
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки соли 2018 дар вилоят ҳангоми муоинаҳои пешазникоҳӣ дар бадани 17 нафар домоду арӯси оянда ВНМО ошкор карда шудааст:
— «Баъди ҷорӣ шудани «ташхиси ҳатмии пеш аз туй” ҳамаи никоҳшавандагон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Муттассифона, соли 2018 дар байни никоҳшавандагон 17 нафар мубталоёни ВНМО дарёфт карда шуд, ки бисёр ташвишовар аст. Зеро беш аз 80%-и сироятшудагон танҳо бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мубталои ин беморӣ мешаванд.”
Фаррух Мақсудзода гуфт соли гузашта (2018) дар вилояти Суғд нисбат ба 4 нафар (прокурори вилоят ин шумора 7 адад арзёбӣ кард) бо иттиҳоми сирояти барқасдонаи вируси СПИД парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Танҳо дар соли гузашта дар вилояти Суғд 389 нафари гирифтор ба вируси ВИЧ ва СПИД сабти ном шудаанд. Ҷамъи чунин беморон дар Суғд 2384 нафаранд, ки аз 30 то 49 сол дошта, 83,3 фоизи онҳо тавассути алоқаҳои ҷинсӣ ба ин вируси қаттол гирифтор шудаанд.
Хушдил: Ба айшу ишрат дода шуда гирифтори вирус гаштам
Хушдил Қоидров (ба хотири ҳимояи ҳуқуқи бемор номаш шартӣ аст), ҷавонмарди 32 -сола аст, ки баъди пош хӯрдани оилааш беш аз 5 сол дар Федератсияи Руссия муҳоҷир шудааст. Ба қавли худаш “баъди оилавайронӣ ва маҳрум мондан аз ду фарзандаш алами зиндагиро танҳо аз айшу ишрат кардан мегирифт”. Ӯ зиндагии талхаш ва сабаби гирифторияш ба ин бемориро чунин нақл кард:
-Ҳамсарамро дӯст дошта оиладор шуда будем. Аммо бахтамон нахандид ва ҷудо шудем. Баъди ҷудоӣ дигар гӯё чизе дар зиндагӣ лаззат надошт. Дар Руссия кор мекардам ва тамоми пули меёфтаамро ба айшу ишрат ва ба қавли мардум (ойимбозӣ) мегузаронидам. Вале 5 сола шодиҳоям ғами якумраам шуд. Аз ин давлат маро барои мубталои ВНМО буданам депорт карда фиристоданд.
Аммо барои ошкор нашудани сиррам аз табобат худдорӣ кардам. Қариб пас аз як соли баргаштанам як хеши дури модарамро ба ман никоҳ карда доданд. Баъди дубора оиладор шуданам ҳамсарам аз саломатияш зиёд шикоят кард. Вақте ӯро барои ташхис будем маълум шуд, ки гирифтори ВНМО шудааст. Духтурон барои сарчашмаи бемориро дарёфтан маро низ ташхис карданд. Хулоса сирам ошкор нашавад гуфта баъди аз муҳоҷират омадан ба табобат ҷалб нушудам, вале ҳам ҳамсари бегуноҳамро оладу кардам ва сиррам бо ин роҳ кушода шуд.
33 ҳолати гирифторӣ ба ВНМО дар байни ҷавонон зиёд шудааст
Афзоиши ин намуди вирус дар байни ҷавонони вилоят Мирзоқосим Каримов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро низ нигарон кардааст. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди дастгирии ҳамаҷониба ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба варзиш ва дигар корҳои созанда ин намуди беморӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Ба гуфти Каримзода гирифтории бемориҳои ВНМО/БПНМ байни ҷавонон дар соли 2018 107 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 33ҳолат зиёд мебошад.
3000 ихтиёриён аз ташхиси дарёфти сирояти ВНМО гузаштанд
Маҷмуан дар ҳудуди вилояти Суғд 14 Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ ташкил ва фаъолият мебаранд. Инчунин моҳи марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ чунин марказҳо ташкил карда шуд. Ба гуфти сардори раёсати тандурустӣ яке аз сабабҳои зиёд ошкор шудану ба қайд гирифта шудани мубталоёни сирояти ВНМО ва БПНМ ин муроҷиати ихтиёрии шаҳрвандон аст.
Ба гуфти Мақсудзода бо истифодаи клиникаи мобилӣ соли 2018 байни муҳоҷирони меҳнат, аъзои оилаи онҳо ва занҳои қобили таваллуд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят “Корвони саломатӣ” гузаронида шудааст. Бо гузаронидани “Корвони саломатӣ” бо усули тести оҷилӣ 3000 нафар ихтиёриён аз ташхиси дарёфти сирояти ВНМО ва пешгирии афзоишёбии сирояти он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд.
Инчунин ғамхорииҳои фонҳои ҷаҳонии тандурустӣ низ дар ин раванд назаррас аст. ин нуктаро Мақсудзода чунин шарҳ дод: -“Дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/ВПНМ-и вилоят аз ҷониби Фонди глобалӣ таҷҳизотҳо ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ, тестҳои оҷилӣ ба маблағи 98 ҳазор сомонӣ дастрас гардидааст. Инчунин маводҳо барои ташхисгоҳ ба маблағи 348 ҳазор сомонӣ, дорувории зидиретровирусӣ ба маблағи 337 ҳазор дастрас ва мавриди истифода қарор дода шудааст”. (ҳолати хунсупорӣ…)
Табибон чӣ мегӯянд?
Табибон ва масъулини соҳаи тандурустӣ бар онанд, ки дар миёни олудашудагони ВНМО аз се ду нафарашон тавассути иртиботи ҷинсӣ ба ин беморӣ печидаанд. Ҷои таассуф он аст, ки аксарияти гирифторшудагон синни соли ҷавон ва миёнаанд. Мувофиқи омор 90 дарсади онҳо аз 15 то 49-солаанд. Мувофиқи маълумотҳои интернетӣ ВИЧ/СПИД яке аз бемориҳои хатарноки қарни 20 унвон мешавад, ки табибону олимон то ҳол барои табобати он доруеро кашф накарданд. Аввалин мавриди гирифторӣ ба ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон 27 сол пеш сабт шуд. Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст. Аз замонипайдошуданибеморӣ дар кишвар, то кунунбеш аз 2400 нафарҳалокшудаанд. Танҳо дар як соли гузашта, 1207 ҳолатисироятёбӣба ин вирус ошкоршудааст.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум роҳи асосии пешгирӣ аст
Баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зич байни КАТСҲо, МТТҲС, муассисаҳои тиббӣ, кор бо гурӯҳҳои хавфи зиёддошта, хоса шахсони ВНМО- дошта танҳо вазифаи кормандони соҳа тиб не, балки яке аз вазифаҳои асосииҳар яки мо аст. зеро батарфӣ нисбат ба саломатии худу ҷомеа боиси зиёдшавии тамоми намуди бемориҳо аст. Инчунин тақвият додани мубориза бо эпидемияи б/с бо иштироки ҷамоатҳо, коммуникатсия, сафарбаркунии иҷтимоӣ, ҷалби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳое, ки аз беморӣ азият кашида истодаанд самтҳои асосии пешгирӣ аз бемории ВНМО аст.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кӯмакҳои гуногуни(дорувории ройгон, таҷҳозти тиббии ройгон, маблағҳо..) моддӣ расонида мешавад. соли 2018 низ ба муассисаҳои тандурустии вилоят ба маблағи 16. 5 млн сомонӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 756, 5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда шуд.
Дар умум барои паст кардани шиддати бемориҳои мухталиф, ки сол то сол зиёд ба қайд гирифта шуда истодаанд, дар баробари чунин кӯмакҳои моддӣ, инчунин семенарҳои омӯзишӣ байни кормандони соҳаи тандурстӣ ва ҳам кормандони ВАО марҳила ба марҳила гузаронида мешавад. Мақсад аз доир кардани семенарҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи донишии соҳавии кормандони тибб ва тариқи ВАО инъкос кардани масъалаи мубрам дар соҳаи тандурустӣ аст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ