Прокурорҳо иваз шуданд
Рӯзи 1 июн дар мувофиқа бо президент прокурорҳои 8 минтақа ва раҳбарони ду бахши Прокуратураи генералии Тоҷикистон иваз карда шуданд.
Додситонҳои нави шаҳрҳои Сарбанду Истаравшан ва ноҳияҳои Ванҷ, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ, муовини прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти вилояти Суғд, сардори раёсати кадрҳо ва шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳои андози додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1 июн дар як машварати корӣ бо ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шудаанд.
Дар ин машварати корӣ ҳамчунин бо қарорҳи ҳукумат мудири кулли фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа, муовини мудири Тоҷикстандарт ва сардорони нави чанд раёсати Агентии мубориза бо маводи мухаддир низ муаррифӣ шуданд.
Аз миёни кадрҳое, ки рафтанд, танҳо қазияи додситони қаблии шаҳри Истаравшан маълум аст. Фирдавс Ҷаҳонгирӣ ибтидо ба сабаби бо мошин ба дарс рафтани писари донишҷӯаш мавриди санҷиш қарор гирифт ва дар рафти ин санҷиш маълум шуд, ки ӯ шаҳрванди Русия будааст. Дар авали моҳи май ӯро ба ҳамин далели доштани шаҳрвандии як кишвари дигар аз мақом гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ