Прокурори Бадахшон: Эътирозгарон ба раиси вилоят ҳамла оварда, вакили парлумонро захмӣ карданд
Додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 27 ноябр дар як изҳорот тавассути ТВ “Бадахшон” хабари тирпарронии рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Хоруғро тасдиқ кард.
Парвиз Орифзода гуфт, эътирозҳоро дар майдони Исмоили Сомонӣ дар маркази Хоруғ “саркардагони гуруҳҳоии муташаккили ҷиноӣ” ташкил кардаанд. Прокурор ин эътирозҳоро “ғайриқонунӣ” номида, гуфт, “27 ноябр, тахминан соати 14 Алишер Мирзонабот бо эътирозгарон дар майдон вохӯрӣ кард ва аз онҳо талаб кард, ки тартиботи ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, майдонро тарк созанд ва оромии мардумро халалдор накунанд…
Аммо эътирозгарон ба ин қаноат накарда, аз ҳиссиёти баланди авбошӣ ва ҳисси бадбинӣ барқасдона ба раиси вилоят ва ҳамроҳони ӯ ҳамла намуда, бо мақсади қасдан расондани зарари вазнин ба ҷони онҳо аз предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда истифода намуда, ба вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода зарари вазнини ҷисмонӣ расониданд”.
Прокурори вилоят афзуд, “бо мақсади пешгирӣ аз кирдори авбошонаи эътирозгарон намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шудаанд, ки ба ҳаво аз силоҳ тири огоҳикунанда парронанд”.Парвиз Орифзода ҳамчунин хабар дод, ки оид ба ин ҳодиса аз тарафи додситонии ВМКБ бор асоси моддаҳои 328, қисми 2 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият), 330, қисми 1 (Таҳқири намояндаи ҳокимият), 237, қисми 3, банди “а” (Авбошӣ) ва 110, қисми 2, бандҳои “а” ва “ж” (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Аммо дар ҳоле ки Парвиз Орифзода танҳо ба ҳаво тири огоҳкунанда паррондани кормандони мақомотро тасдиқ мекунад, тазоҳургарон дар бораи ҷароҳат бардоштани 4 нафар дар тиррпаронии рӯзи 27 ноябр хабар медиҳанд. Пас захмиён аз кҷо тирхӯрданд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ