Прокурори генералӣ: Нисбати Хуҷа Командир ва Баҳром Иноятзода тафтишот идома дорад
Тавре дар нишасти имрӯзаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки таҳти сарвари Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон баргузор гардид, гуфта шуд, нисбати собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода ва қумандони даврони ҷанги шаҳрвандӣ Хуҷа Командир (Хуҷа Каримов) тафтишот идома дорад ва он то ҳол ба охир нарасидааст.
Ёдовар мешавем, ки тақрибан як моҳ пеш раиси шаҳри Кӯлоб бо гуноҳи фасодкорӣ ва ришваситонӣ боздошт шуда буд. Айни замон ӯро бо гуноҳи заминфурӯшӣ (ҷинояте, ки дар кишвар сари бисёр раисонро хурдааст) дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд. Дар ин миён овозаҳое ҳам пайдо шуда буданд, ки ӯ дар маҳбас ба коронавирус гирифтор шудааст, молиҷа мегирад. Тасдиқи ин хабарро аз ягон манбаи боэътимод пайдо накардем.
Дар мавриди Хуҷа Командир бояд зикр намуд, ки ин ҷангсолори даврони ҷанги шаҳрвандӣ моҳи феврали соли равон дар Дубай дастгир шуда, ба Тоҷикистон истирдод гардид. Инак, парвандаи ӯ мавриди тафтиш қарор дорад ва ӯро дар одамкушӣ, одамрабоӣ ва боз чанд ҷинояти дигар гунаҳгор медонанд. Алҳол, тавре дар нишаст гуфта шуд, парвандаи ин ашхос пас аз ба охир раисдани тафтишот ба суд ирсол мегардад.
А. Аҳмадзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ