Прокурори генералӣ Нурализодаро аз вазифа гирифт

13 декабр Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон фармони барканории Шамс Нурализода (Гадоев) аз мақоми сардори бахши назорати муассисаҳои ислоҳии прокуратураи генералиро имзо кардааст.

Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ошӯби пурқурбонии шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд як силсила камбудиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла мавридҳои зиёди беасос ва ғайриқонунӣ дар утоқҳои ҷаримавӣ нигоҳ доштани маҳбусон ошкор шудааст. Шамс Нурализода (Гадоев) дар Прокуратураи генералӣ роҳбарии шуъбаи назорат бар риоияи қонуният дар боздоштгоҳҳову тавқифгоҳҳо ва маҳбасҳоро бар ӯҳда дошт.

Прокурори генералӣ  чанде пеш бар асоси натиҷаҳои тафтиши парвандаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ба Шамс Нурализода танбеҳи қатъӣ дода буд, вале идомаи тафтишот маълум кардааст, ки миқёси қонуншиканиҳо дар ин маҳбас хеле бузургтар аз он чӣ, ки қаблан тасаввур мешуд, будааст.Нурализода ба ин тартиб, алакай ҳафтумин корманди додситонӣ аст, ки дар пайи ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз мақом барканор мешаванд.

Қаблан дар чорчӯби тафтиши парвандаи ин ошӯб 6 корманди баландпояи прокуратураи вилояти Суғд, ки масъулияти таъмини риояи қонуният дар маҳбасҳои ин вилоятро бар ӯҳда доштанд, тарки мақом карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *