Прокурори генералии собиқ боздошт шуд

Аида Салянова, Прокурори генералии собиқи Қирғизистон пас аз даъват ба бозпурсӣ боздошт шуд.

Аида Салянова, Прокурори генералии собиқи Қирғизистон пас аз даъват ба бозпурсӣ боздошт шуд.

Ӯ барои бозпурсӣ дар мавриди озод кардани Азиз Батукаев, ҷинояткори хатарнок ба бинои Прокуратураи генералии Қирғизистон даъват шуда буд.

Баъд аз зӯҳри рӯзи 3 июн Аида Салянова бо прокурори низомии собиқ Майрамбек Акматалиев ва собиқ муовини Прокурори генералӣ Людмила Усмонова рӯ ба рӯ бозпурсӣ шуда ва пас аз он қарор дар бораи боздошти ӯ содир шудааст.

Ҷинояткори ашаддӣ Азиз Батукаев дар 9 апрели соли 2013 аз ҷониби додгоҳи шаҳри Норин ба далели “мубтало ба бемории бедаво” бармаҳал аз ҳабс озод шуда ва билофосила Қирғизистонро тарк кард.

Соли ҷорӣ Комиссияи вакилони парлумон қазияи озодии ғайриқонунии Азиз Батукаевро баррасӣ карда, рӯйхати 28 нафар амалдорони ба ин ҳодиса алоқамандро эълон кард.

Чанд нафар кормандони баландпояи давлатӣ, аз ҷумла, Шамил Отахонов, муовини сарвазир аз рӯи ин қазия ба ҳабс гирифта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *