Прокурори генералии Тоҷикистон дар Ню Йорк бо Олаф Скуг мулоқот кард

Дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Созмони Милали Муттаҳид Олаф Скуг мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот тамоюл ва ҷанбаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин  татбиқи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баррасӣ гардидааст.

— Инчунин, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби барномаи СММ ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони “Таҳкими тобоварӣ ба ифротгароии хушунатомез дар Осиё” иброз намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *