Марз

Протоколи навбатӣ оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон имзо шуд

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Аз 29 ноябр то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар  баргузор гардид.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон,ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд.

“Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ  доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таъйини гузариши хатти қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатиро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Кирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *