Психологҳо: донишгоҳ тайёр мекунад, мактаб ниёз дорад, аммо директор қабул намекунад

Пас аз омӯзиши вазъи мактабҳои кишвар ба мо маълум шуд, ки дар аксари макотиби миёнаи мо психологи касбӣ вуҷуд надорад. Чаро дар мактабҳои мо ба ин воҳиди корӣ аҳамият намедиҳанд?

Мушкилоти Марҷона

Марҷона 16 сол дорад. Вай чун дигар наврасони ҳамсинну соли худ давраи гузариши ҳаёташро бисёр сахт пушти сар менамояд. Падару модараш  чандин сол пеш аз ҳам ҷудо шудаву дар Аврупо муҳоҷир шудаанд. Ӯ  айни замон ҳамроҳи холааш зиндагӣ дорад. Бинобар ин, Марҷона дар ин давраи мушкили ҳаёташ ҳамрозе надорад. Равоншинос баъди чанд дақиқаи суҳбат бо Марҷона хулосаи худро баровард: ӯ гирифтори дипрессия аст ва ба ҳамсуҳбати нағзу равоншиноси касбӣ ниёз дорад…

Холаи Марҷона, ки ӯро ҳамроҳӣ мекунад,  мегӯяд, сеанси психолог гаронарзиш асту онҳо на ҳамеша имкон доранд, ки онро пардохт кунанд.

Мувофиқи талаботи мавҷуда ҳар як мактаби миёна бояд психолог дошта бошад ва ба хонандагони муассиса ройгон хизматрасонӣ намояд. Вале мактабе, ки Марҷона таҳсил мекунад, равоншинос надорад ва яке аз муаллимони собиқадор, баъди ба нафақа баромадан, дар ин баст ба кор ҷалб шудааст.

Пас аз омӯзиши вазъи мактабҳои кишвар ба мо маълум шуд, ки дар аксари макотиби миёнаи мо психологи касбӣ вуҷуд надорад.

Будани равоншиноси касбӣ дар мактаб чӣ аҳамият дорад? Чаро дар мактабҳои мо ба ин воҳиди корӣ аҳамият намедиҳанд?

Худкушии наврасон

Психология шояд ҳамчун фанни мустақил дар мактабҳо ба роҳ монда нашуда бошад, вале дар тамоми муассисисаҳо, новобаста аз хусусиву давлатӣ буданаш, равоншиноси касбӣ бояд фаъолият намояд. Кӯдакистон, мактаб, донишгоҳу донишкадаҳо ва умуман муассисаҳои таълимӣ ҳама ниёз ба машварату маслиҳати равоншиноси касбӣ доранд. 

Нӯшервон Ёғибекзода, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки барои таъмини психолог дар макотиби миёна ва олӣ бояд барномаи давлатӣ таҳия шавад:

“Вобаста ба он ҳама ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла худкушӣ, дар байни наврасон алҳол зарурати таваҷҷуҳи бештар ба тайёр намудани равоншиносони касбӣ ва таъмин кардани тамоми муассисаҳои таълимӣ бо мутахассис ба миён омадааст. Ҳарчанд ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ воҳиди кории равоншинос мавҷуд аст, вале кори бо низоми онҳо таъмин нест. Омили ин мушкили бекории худи равоншиносони касбӣ мебошад. Масалан, дар ҷомеаи суннатии мо инсон наметавонад мушкилоти шахсии худро ба дигарон ошкор кунад, бинобар ин будани равоншинос, махсусан дар паҳлуи ҷавонону наврасон муҳим аст. Бинобар ин, бояд як барномаи давлатӣ таҳия ва татбиқ карда шавад, то дар макотиби миёна ба ин масъала таваҷҷуҳ бештар гардад”. 

Мутаассифона, солҳои охир хабари худкушии наврасон зуд-зуд расонаӣ мешавад. Бештари маврид наврасону ҷавонон бо сабаби ҳолати бади рӯҳиву равонӣ даст ба ин амал мезананд.

Олимҷон Давлатов, равоншиноси мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и ноҳияи Спитамен мегӯяд, ки дар шароити имрӯз будани равоншинос дар мактаб муҳим аст.

“Ҳозир наврасон бисёр душвортарбия шудаанд. Яке аз сабабҳои ин ба муҳоҷират рафтани волидайнашон бошад, аз тарафи дигар беаҳмиятии оила ба ин таъсир расонидааст. Дигар таъсири муҳоҷират ин аст, ки аксари наврасон дар ҳолати стресс ва дипресия ҳастанд, бинобар ин, онҳо ҳамеша ба маслиҳат ниёзманд мебошанд. Дар мактабе, ки ман фаъолият мекунам, 1430 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Ман бо онҳо ҳам инфиродӣ ва ҳам гурӯҳӣ кор мекунам”- мегӯяд номбурда.

Китобхоначӣ ба ҷойи равоншинос

Тавре дар боло ишора кардем, дар мактабҳо воҳиди кории психологро нафарони касбу кори дигар банд кардаанд. Ин далел коршиносонро низ ба ташвиш овардааст.

Мунира Обидова, декани факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ин маврид чунин ибрози ақида кард:

“Ба наздикӣ дар донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  доир ба таълимоти психологӣ нишасте баргузор кардем. Мавзӯи асосии нишаст фаъолият кардани равоншиносони ихтисосманд дар мактабҳо буд. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар 67 муассисаи таълимии шаҳр равоншиносон бе доштани ихтисоси касбӣ фаъолият мебаранд. Яке муаллими таърих асту дигаре китобхонадори мактаб.”

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки  вазъи кунунии ҷомеаи мо талаботро ба психолог зиёд кардааст, аммо аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки ба ин масъала ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ карда намешавад.

“Дар мактбаҳо, махсусан дар байни наврасон проблемаҳо бисёранд. Махсусан, дар синну соли гузариш наврсон хеле ҳассосанд ва метавонанд ба ҳар кор даст зананду ба ҳар роҳ раванд. Маҳз дар ҳамин давра бояд аз кумаки равоншинос истифода баранд.  Барои ин бояд  марказҳои кумаки равоншиносӣ фаъолият кунад ва ҳатман дар мактабҳо психологи касбӣ ба кор ҷалб шавад. Дар мактабе, ки теъдоди хонандагон зиёданд, бояд 2 ё 3 равоншинос фаъолият намоянд”, — афзуд номбурда.

Ин ҳамсуҳбат мегӯяд, ки ҳамасола донишҷӯён факултаи онҳоро хатм мекунанд, аммо ҷойи кор пайдо карда наметавонанд.

“Донишҷӯёни мо баъд аз хатми донишгоҳ ба мактабҳо барои кор мераванд, аммо “ба мо психолог даркор нест”, — гуфта, онҳоро ба кор қабул намекунанд. Аз ин сабаб яке ба хизматӣ ҳарбӣ мераваду дигаре барои кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ”, — мегӯяд М. Обидова.

Ин дар ҳолест, ки вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни “Гуфтугӯйи мустақими телефонӣ” бо хонандагони ҳафтаноми “Тоҷикистон” гуфта буд, ки макотиби кишвар аз набудани равоншинос танқисӣ мекашанд.

Хулоса, айни замон дар низоми маорифи кишвар набудани равоншиноси касбӣ мушкилоте мебошад, ки роҳи ҳалли худро интизор аст. Зеро набудани равоншинос метавонад сабаби асосии ба роҳи бад рафтани наврасон,  аз ҷумла ба нашъамандиву худкушӣ даст задани онҳо, шавад.

Назари дигар доред? Нависед! Email: [email protected]

Уғулой Қутбиддинзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *