«ПСЖ» ба мактуби ҷанҷолии Мбаппе посухи сахт дод
Бино ба иттилои RMC Sport, «ПСЖ» ба мактуби ҷанҷолии Килиан Мбаппе оид ба он, ки намехоҳад нуқтаҳои шартномавиро риоя кунад, посухи сахт додааст.
«Дуруст аст, ки мо дар мавриди шартномаи ояндадоре муҳокима кардем ва онро бо вуҷуди шартҳои равзанаи трансферӣ ва маҳдудиятҳои меъёрии Фаронса ва Аврупо танҳо қисман амалӣ карда тавонистем. Шартҳо пурра аз назорати мо берун монданд, вале новобаста аз ин мо талош мекардем, ки талаботҳои туро қонеъ намоем ва ин ҳам дар қиёс ба он аст, ки инро барои дилхоҳ бозигар анҷом дода метавонистем»,- гуфта мешавад дар матнҳои мактуби ҷавобӣ.
Ба иттилои манбаъ, парижиҳо баъди се ҳафта мактуби ҷавобӣ ирсол намуда ва тариқи он аз амалҳои Мбаппе изҳори норозигӣ намудаву ҳамчунин аз зарарҳое гуфтаанд, ки ин мактуб ба бошгоҳ ворид кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ