Пучак ва маслиҳатҳо барои табобати он
Бемориҳое ҳастанд, ки табобаташон бештар бо усули ҷарроҳӣ сурат мегирад. Онҳоро бемориҳои газакӣ ё илтиҳобӣ мегӯянд. Пучак, пучаксорӣ, думал, оташак, гидроденит ва ғайра аз ҳамин қабил бемориҳоянд.
Ин бемориро қариб ҳама аз сар мегузаронад. Илтиҳоби шадиди фасоднокест, ки ба ҷабри зери пӯст мегузарад. Сабаби пайдоиши он риоя накардани гигиенаи шахсӣ мебошад. Яъне, ба ҷойҳои харошидаи бадан ифлосӣ роҳ меёбаду боиси пайдоиши илтиҳоб мегардад. Инчунин, шахсоне, ки бемориҳои куҳна, аз қабили диабети қанд, камхунӣ, лоғаршавии бадану мондашавии асаб доранд,ба пайдоиши пучак дар ҷойҳои гуногуни бадан гирифтор мешаванд.
Пучак дар аввали пайдоиш кулӯлаи сахту дардмандест ва қисми болои пӯст сурх шуда, дар он доғчаи зард ё сиёҳтоб пайдо мешавад.
Баъзеҳо одате доранд, ки пучакро бо худмуолиҷакунӣ нест кардан мехоҳанд, ки ин хавфнок аст. Махсусан бо роҳи фишор дода баровардани чирку зардоб. Дар чунин маврид фасоди вай метавонад ба таркиби хун гузашта, боиси оқибати фоҷиабор гардад. Дар чунин ҳолатҳо беҳтар аст, ки ба духтур муроҷиат намоянд.
Муолиҷаи онро ба таври карахткунии новокаинӣ оғоз мекунанд. Барои тоза нигоҳ доштани пӯсти атрофи он аз спирти 70-фоиза истифода мебаранд, яъне, пӯстро безарар мегардонанд. Ҳамчунин, пучак тавассути физиотерапия, яъне,ба воситаи нурҳои ултрабунафш низ табобат карда мешавад.
Пайдо шудани якчанд пучакро дар ҷисм «пучаксорӣ» (фурункулез) меноманд, ки он дар ҳама ҷойи бадан метавонад барояд. Дар чунин маврид барои муолиҷаи беморӣ хӯрокҳои аз витамин ва сафедаҳо бой таъин намуда, тазриқи анатоксину гаммаглобулин, муолиҷаи антибиотикӣ гузаронида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ