Пул надорӣ, ба бемористон наё!

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки соҳаи тандурустӣ олуда бо фасоди молист.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, ки соҳаи тандурустӣ олуда бо фасоди молист.

Соҳаи тандурустӣ муҳим, аммо беморон чӣ?

Як ҳамсуҳбатам гуфт, ки дорухонаҳои ба амсоли занбӯруғҳои баъд аз борон сар болокарда дар пойтахту шаҳру навоҳӣ, худ аз сатҳи сиҳатии мардум дарак медиҳанд. Бале, аз тиҷорати сердаромади доруву дармон дар сартосари Тоҷикистон метавон хулоса кард, ки ҳар дувумин шаҳрванди кишвар дучори дарду бемориест. Хуб, ранҷу беморӣ ва табобату хизматрасониҳои табибон оё бо ҳам дар мувозинат қарор доранд?  Рӯ меорем ба таҳлилу мушоҳидаҳоямон.

Воқеан ҳам, соҳаи тиб имрӯз дар кишвар соҳаи асосӣ маҳсуб мегардад, зеро миллати солим давлати пешрафтаву тавоност. Ҳукумати кишвар дар қатори роҳандозӣ намудани барномаҳову стратегияҳо ҷиҳати солим нигоҳ доштани миллат, ҳамчунин дар Буҷети давлатӣ низ ба ин соҳа авлавият гузоштааст. Ба рақамҳо таваҷҷуҳ кунед:   Ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар соли 2019  1740536 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи нишондоди оморӣ, дар муддати бисту ҳафт сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ қариб 1600 баробар афзоиш ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки соли 1992 маблағгузории соҳа 1 млн. сомониро ташкил мекард, имрӯз бошад, он ба ба 1 млрд. 750 млн. сомонӣ расидааст.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2018, маоши табибон низ дар қатори дигар аз маблағгузориҳои буҷетӣ 15 фоиз баланд бардошта шуд. Чунончӣ, сартабибон то 1 сентябри соли 2018-ум 1120 сомонӣ маош мегирифтанд, ки баъдан музди меҳнати онҳо  1291 сомониро ташкил дод. Табиби ҷарроҳи категорияи олӣ қаблан агар 899 сомонӣ маош мегирифт,  имрӯз он ба 1036 сомонӣ расонида шуд ва табиби категорияи олӣ, ки қаблан музди меҳнаташ 810 сомонӣ буд,  имрӯз он баробар ба 933 сомонӣ аст.

Дар  муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, музди меҳнати сартабибон агар қаблан 1366 сомониро ташкил мекард, имрӯз бошад, он  ба 1574 сомонӣ баробар аст. Маоши табиби ҷарроҳи категорияи олӣ, ки қаблан 1108 сомонӣ буд, имрӯз ба 1277 сомонӣ ва дастмузди табиби категорияи олӣ аз 998 сомонӣ ба 1150 сомонӣ расид. Аммо аксари табибон чунин музди меҳнатро барои худ ночиз мешуморанд ва барои намуна нархи маҳсулоти бозорро мисол меоранд, ки он ҷиҳати бароварда сохтани эҳтиёҷоти онҳо басанда нест. Ба андешаи табибон, чунин омил дар бароварда сохтани муқаррароти сабади истеъмолӣ монеа эҷод мекунад.

Бо кисаи холӣ назди табиб марав!

Ин ҳама номувозинатиҳо муаммоеро эҷод кардааст, ки ҳалли онро касе то ба ҳол пайдо накардааст: Табиб аз бемор пул талаб мекунад, аммо бемори ранҷур имкону тавони пардохти пули табобатро надорад. Маҳз ҳамин омил аст, ки аксар, бахусус қишри камбизоати ҷомеа чун мубтало ба беморӣ шаванд, ба духтур муроҷиат намекунанд, тани ману тақдири Худо гуфта гӯшае менишинанд.

Аксар аз  мардум имрӯз аз хизматрасонии пулакии табибон изҳори нороҳатӣ карда, хулоса мебароранд, ки ба табиб муроҷиат кардан болои сӯхта намакоб аст. Мақоли халқӣ: “Аз милисаву аз болнитса алҳазар” маҳз аз чунин додугирифти ғайрирасмии бемору табиб рӯйи кор омадааст. Корафтодагон бештар нороҳат аз онанд, ки таваҷҷуҳи бархе аз табибонро бештар на дарду ранҷи корафтодагон, балки ҷайби онҳо ба худ ҷалб мекунад. Аммо наметавон дар маҷмӯъ санги тавҳину маломат бар сари кулли табибон зад. Не, табибони ҳозиқе низ моро дар каноранд, ки ҳамчун дармонофару дардошно бидуни ҳар гуна тамаъҷӯйӣдар хизмати мардуманд. Дар навбати худ мардум низ чунин табибонро чун нонпора азиз медоранд… 

Бале, дар мавриди ночиз будани музди меҳнати табибон метавон бо онҳо ҳамфикр буд. Ростӣ, ки бо 1,5 ҳазор сомонӣ пешбурди рӯзгор бахусус дар маркази пойтахт хеле нигаронкунанда аст. Ва маҳз ҳамин омил табибонро водор кардааст, то дар табобату амалиётҳои ҷарроҳӣ “ставка”-и махсуси худро роҳандозӣ кунанд.

Мусаллам аст, ки мардуми камбизоат ҳатто қудрату тавоноии 10 сомонӣ пардохт кардани ҳаққулхизмати муоинаи табибонро ҳам дар ихтиёр надоранд. Муҳтоҷу беморон водор мешаванд, ки барои табобати худ аз бонкҳо ва ё дӯстону ақрабояшон пул қарз гирифта, худ ва пайвандонашонро табобат кунанд. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, ки теъдоде аз табибони қасамшикаста чун дарк кунанд, ки “муштариаш” бепул аст, саракиву рӯякӣ ӯро аз муоина гузаронида, чанд доруеро барояш менависанду халос.  Як дӯстам, ки соҳибимтиёз аст, қисса кард, ки соле қабл дар дармонгоҳи маъруф ба “Якум Советский” бе пул “анализ” супорид. Ӯро сад дар сад солим бароварданд. Чанд рӯзе баъд пул додаву аз ташхис гузашт: гурдаҳояш сахт осеб дидаанд. Хонандаи бозаковат, худ аз ин амалкард хулоса барор!!!

Дорувор қимат, вале пастсифат

Ба замми ин, ҳама носолимиҳову ноҷуриҳо дар соҳаи тандурустӣ, доруҳои пастсифате, ки аз дорухонаҳои табибон тавсиядодашуда харидорӣ мегарданд, ба вазъи саломатии беморон таъсире намегузоранд. Бале, сифат надоранд ва танҳо ба хотири гардиши тиҷорату фоидаоварӣ пешкаши мизоҷон гардонида мешаванд. Чаро доруҳое, ки мустақиман муҳоҷирони меҳнатӣ аз Россия ва дигар кишварҳо ворид месозанд, дар паст кардани шиддати дард мусоидат мекунанд, аммо доруву дармоне, ки аз дорухонаҳои кишвар харидорӣ мешаванд, камтаъсиранд?!

  Инро масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ва табибони дармонгоҳҳо хуб медонанд ва ҳатто Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии кишвар низ пайваста тариқи телевизионҳо мардумро ҳушдор медиҳанд, ки аз истифодаи ҳар гуна дорувориҳои қалбакӣ худдорӣ кунанд. Аҷаб тавсеаи хандаоваре. О, бемору муҳтоҷ аз куҷо медонад, ки он доруи харидааш қалбакӣ аст ва ё асл?! Чизи дигар он аст, ки он дорувориро савдогаре дар даст аз берун ворид накардааст-ку? Хадамоти гумрук дар марз амал дорад. Пас, дар мувофиқату додугирифт чунин доруҳои қалбакӣ вориди кишвар мегарданд? Бале, мусаллам аст, ки аз ин ҳисоб чандин нафарҳо кисаи худро варам мекунонанд…

Роҳи ҳал куҷост?

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва иҷтимоии кишвар талош доранд, то пардохти табобатро расмӣ гардонанд. Аммо кадоме аз табибон бар ивази пардохти табобат ба бемор баргаи пардохтро пешниҳод кардааст ва ё аз мошинаи хизматрасонии кассавӣ истифода бурдааст? Не, чунин кор ба нафъи табибон нест! Пул ба кисаи онҳо намеравад.

Аз як чиз дар ҳайратам, ки маблағи пардохти расмии табобат сарфи чӣ мегардад? Сарфи табобати сифатноку беҳбуд бахшдидан ба ин соҳа? Гапҳои хушку бемантиқ. Бемор агар дар беморхона бистарӣ гардад, ӯро водор месозанд, то аввалтар аз ҳама ба хазинаи шуъба 500 сомонӣ супорад, ки он танҳо пули ҳуҷра, бистар ва болишт асту бас!

Рӯйхати доруҳоро табиб пешниҳоди бемор гардонида, гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки аз фалон дорухона харидорӣ кунад, вагарна аз табобаташ сарпечӣ хоҳад кард. Ҳамшираи шафқат сӯзандору ба бадани бемор мегузаронад, бемор бошад ба хотири “одаму одамгарӣ” дар анҷом дасти шафқатхоҳарро “сафед” мекунад. Ва ин чиз дар ҷомеаи мо ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҷиҳати ба низом даровардани соҳаи тандурустӣ коршиносон ҷоринамоии суғуртаи тиббиро роҳи ҳалли мушкилот маънидод мекунанд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе аз кишварҳои Осиёи Миёна ба ин хулоса омада буданд, ки дар шароити бади иқтисодиёт ва андози гарон, суғуртаи тиббӣ ягона сарчашмаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. 

Қазоқистон ва Қирғизистон дар солҳои 1996-1997 суғуртаи ҳатмии тиббиро ҷорӣ карда буданд. Туркманистон дар соли 1996 ба суғуртакунонии ихтиёрӣ гузашта буд. Тавре маълум, Тоҷикистону Ӯзбекистон маблағгузории соҳаи мазкурро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ то ба ҳол идома дода истодаанд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҷиҳати ба низом даровардани соҳаи тандурустӣ,  “Барномаи кафолати давлатии таъмини кумаки ройгони тиббию санитарӣ барои солҳои 2017-2019” ва Қарори Ҳукумати Тоҷикистон таҳти №600 – “Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ҷорист. Ҳарчанд мегӯянд, ки он дар амал татбиқ гардида истодааст, аммо ин гуфтаҳо ба воқеият наздик нестанд. Чаро?

Бино ба андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, бинобар набудани маблағи кофӣ низоми тандурустии кишвар ба чунин кор омода нест ва рӯйи кор омадани он танҳо дар соли 2022 пешбинӣ шудааст.  Ҳатто бинед, ки дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар  пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, бахусус табибон то чанд моҳ тӯл мекашад. Кормандони соҳаи молияву андоз сабаби инро дар коҳиш ёфтани сарчашмаҳои андозсупоранда маънидод мекунанд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон 18 ҳазор табиб ва 50 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки  65 фоизи буҷет ба маоши онҳо равона карда шудааст.

М. Муҳаммадзода

Матлаби комил дар нашрияи «Тоҷикистон» нашр мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *