Пули 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот бароварда шавад
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 28 декабри соли 2018 дастур додааст, ки дар кишвараш пули 100-ҳазорсӯмӣ ба муомилот бароварда шавад. Манобеъ мегӯянд, дар ин бора санаде низ ба имзо расидааст.
Ба гуфтаи як мансабдори ӯзбек, ки яке аз масъулони иҷрои дастури Мирзиёев аст, пули нави ӯзбекӣ — 100-ҳазорсӯмӣ то ҷашни Наврӯз (21 март) ба муомилот хоҳад баромад.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, силсилаи нахустини пули нав (0000001) аллакай чоп ва ба раҳбарияти ин кишвар пешниҳод шудааст.
Як манбаи дигари мо, ки дар низоми молии Ӯзбекистон кор мекунад, гуфт, Бонки марказӣ ва Вазорати молия ба Сенати Маҷлиси олии он кишвар тарҳи пули нави 100-ҳазорсӯмиро пешниҳод кардаанд.
Ёдрас мешавем, 13 декабри соли 2018 дар шаҳри Тошканд иҷлосияи 17-уми Сенати порлумони Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар он масоили марбут ба буҷаи давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати давлатро дар бахши андозу буҷа барои соли 2019 баррасӣ карданд.
Дар Сенати порлумони Ӯзбекистон гуфтанд, ки наметавонанд, ин хабарро рад ё тасдиқ кунанд.
Дар Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир аз ҳама пули калон 50-ҳазорсӯмӣ аст, ки моҳи августи соли 2017 ба муомилот бароварда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ