Пули 1000 сомонӣ аз Парлумон ба Бонки Милли рафт
Дар соли гузашта ду нафар, яке аз Шаҳринав тариқи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва дигаре аз Исфара, гуфтанд, ки онҳо дар бораи нашри пули 1000 сомонӣ пешниҳоди худро ба мақомот ироа кардаанд.
Ҳардуи ин нафар иддао доранд, тарҳи пули 1000 сомониро худашон кашида, дар як тарафаш акси Эмомалӣ Раҳмон ва дар тарафи дигараш бинои Қасри Арбоб, маҳалли баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро ҷо додаанд. Шарифхон Каримов, раиси идораи Тоҷиксуғурта дар ноҳияи Шаҳринав, гуфт, пешниҳоди ӯ аввал ба Маҷлиси Намояндагон фиристода шуда, баъдан тавассути ин ниҳоди қонунгузор ба Бонки Миллӣ ирсол гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ