Пулис актёри филми “Троя”-ро боздошт, ҷарима ва озод кард (аудио)
Пулис акёри амрикоӣ Гаррет Ҳедлундро барои дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш боздошт кардааст. Дар ин бора нашрияи TMZ хабар медиҳад.
Ҳунарманд, ки бо нақши Патрокл дар филми «Троя»-и Волфганг Петерсен маъруф аст, дар шаҳри Франклини иёлоти Теннесси боздошт шудааст. Ӯро ба ҳабс гирифта ва баъд аз пардохти 2100 доллар гарав раҳо кардаанд.
Тавре гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Ҳедлунд бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Қаблан ӯро барои он ба додгоҳ кашида буданд, ки моҳи декабри соли 2020 дар ҳолати мастӣ паси чанбари мошин нишастааст. Ӯ сарҳисобашро гум карда, ба мошини Ниссан бармехӯрад, ки дар дохили он зан ва се кӯдак будаанд. Худи ҳамон шаб ӯро барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ боздошт кардаву се соли шартӣ муқаррар намуданд. Гуфта мешавад, ки Ҳедлунд ҳамагӣ чанд моҳ пас аз ҷудо шудан аз актриса Эмма Робертс боздошт шудааст. Моҳи декабри соли 2020 писари онҳо Родс таваллуд шуда буд.
Гаррет Ҳедлунди 37-сола дар филмҳое амсоли «Несломленный», «Троя», «Крутая Джорджия» ва «Эрагон нақш бозидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ