Пулис ба пешонии тоҷикбача тир холӣ кард

Як корманди пулис дар Екетеренбург аз таппончаи пневматикӣ ба сари як шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кардааст. Торнамои “Новый день” менависад, ин ҳодиса шаби якуми июли соли равон дар шаҳри Березовск ба вуқӯъ пайвастааст.

Торнамо бо такя ба манобеи огоҳаш навиштааст, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҷавони 30-соларо, ки ба эҳтимоли зиёд шаҳрванди Тоҷикистон аст, бидуни он ки далеле пешниҳод кунанд, боздошт кардаанд. Баъдан, як пулис ба таҳқири ин муҳоҷир шурӯъ карда, хостааст, аз тапончаи пневматикӣ ба сурини ӯ паронад, аммо тир хато хӯрда, ба сари вай задааст.

Ба иттилои “Новый день”, ин қазия танҳо баъди он рӯ задааст, ки муҳоҷири ҷабрдида ба духтурон муроҷиат кардааст. Дар пайи ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот оғоз карда, як корманди пулисро боздошт кардаанд. Аммо аҷибаш ин аст, ки дастгиршуда аллакай корманди пулис нест, зеро бар асоси санадҳо, ӯ гӯиё 29 июн, чанд рӯз қабл аз ҳодиса “ба нафақа гусел” шудааст. Дар ҳоле ки вай ҳанӯз 37 сол дорад. Ҳоло ин корманди пулис дар ҳабси хонагӣ қарор дошта ва парвандаи ӯ бар асоси моддаи “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар бораи ному насаби муҳоҷири ҷабрдида иттилое пешниҳод нашудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *