Пулис нафареро мекобад, ки аз номи Данӣ Энгел дурӯғ гуфт

Мақомоти пулис нафареро меҷӯянд, ки бо сохтани саҳифа дар шабакаи иҷтимоии Твиттер аз номи Данӣ Энгел, мудири бемористони “Herzliya Medical Center”-и Исроил хабари бардурӯғ паҳн кардааст, ки гӯё Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе гирифтори бемории саратон мебошад.

Данӣ Энгел, мудири воқеии бемористони “Herzliya Medical Center”-и Исроил изҳор доштаст, ки Рустами Эмомалиро намешиносад ва хабар дар бораи ӯро низ паҳн накардаааст.

Ҷаноби Энгел дар сӯҳбат бо МедиаМаркер гуфтааст, бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе шинос нест ва ҳар чӣ ки дар шабакаи иҷтимоии Твиттер аз номи ӯ нашр шудааст, воқеият надорад.

“Ин аккаунт сохта (фейк) аст, ки аз номи ман баромад кардаву роҷеъ ба беморхонаи мо маълумоти дурӯғ нашр мекунад. Мо ба маъмурияти Твиттер ва пулис муроҷиат кардем ва умедворем, ки одами созандаи ин аккаунтро зудтар пайдо хоҳанд кард”, — афзудаст Данӣ Энгел.
Ахиран хабарҳо дар бораи бемории Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли Данӣ Энгел, як масъули бемористон дар Исроил нашр шуда буданд, ки бар асоси он, гӯиё шаҳрдори Душанбе гирифтори бемории саратон буда, соли 2019 дар Исроил ҷарроҳӣ шуда, табобат ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *