Пулро мегиранду партовро намебаранд
Таъмирталабӣ ва фарсудагию норасоии техникаи махсуси партовкашӣ дар корхонаҳои фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и аксари шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон боиси он шудааст, ки марказҳои маъмурӣ сари вақт аз партов тоза намешаванд.
Мушкили баровардани партов кай ҳал мешавад?
Марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Левакант, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун ва Панҷ пур аз партов аст, ки дар пай нигаронии сокинонро ба миён овардааст.
Даҳҳо бошандаи маркази ноҳияи Шаҳритуз аз он шикоят карданд, ки партовҳо дар ду-се моҳ ҳамагӣ як маротиба кашонида мешаванд. Онҳо аз бӯйи ғализи партову анбӯҳи ҳашарот ҳоли хеле табоҳ доранд. Муҳаббат, сокини 45 — солаи ноҳия гуфт, партови назди хонаашон боре ҳам то ба охир тоза нашудааст. Дохили хонаҳо аз ҳар гуна ҳашароти зараррасон пур шуд. “Аз ноилоҷӣ маҷбур шудем партовҳоро оташ занем. Ба чанд ниҳоди дахлдор: ҷамоати шаҳрак, корхонаи коммуналӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳатто мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба ин масъала муроҷиат кардем. Аммо вазъ тағийр накард”, — гуфт ӯ.
Иддае аз истиқоматкунандагони биноҳои баландошёнаи маркази маъмурии ноҳияи Кӯшониён – ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ мегӯянд, ҳаққи хизмати КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-ро пардохт мекунем, вале партовҳо дар вақти зарурӣ кашонида намешаванд.
Суратҳисоб баставу кормандон бе маош
Сабаби ин ноҷӯриро масъулини ниҳодҳои “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар шаҳру навоҳии вилоят ба фарсуда будани техника рабт доданд.
Ба гунаи мисол, ба иттилои директори Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Панҷ Далер Давлатов, аз ҳафт техникаи дарихтиёрдоштаи онҳо чортояш корношоям мебошад. “Аз набудани шароити хуби корӣ корхона наметавонад миқдори шартномаҳо бо муштариёнро зиёд кунад. Чунки имконияти кашонидани партовҳоро надорад. Вақте ки шартнома баста мешавад, бояд партовгоҳ сари вақт аз партов тоза карда шавад”, — афзуд ӯ.
Бинобар фаъолияти нокифояи корхонаи мазкур аз андоз 360 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Суратҳисоби он бошад, то пардохт шудани ин маблағ бастааст ва бештар аз 35 корманд музди меҳнати моҳҳои июл ва августи хешро нагирифтаанд.
“– Барои дастгирӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кардаем, — мегӯяд Далер Давлатов. — Масъулон ваъда карданд, ки кумак мекунем…”.
КФД ”Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 12 техника дар ихтиёр дорад, ки аз онҳо дутояшон корношоям мебошанд. Бо ин ҳол, ба қавли сармуҳандиси он Отахон Сулмонов, онҳо кам не, якбора аз болои 32 партовгоҳи муваққатӣ ва як партовгоҳи асосӣ корҳои ҳамешагии тозакунию назоратро ба роҳ мемонанд.
“Маҳз барои партовкашонӣ чор техника ҷудо гардидааст, ки ин, албатта, басанда нест. Мушкили норасоии техника рӯз то рӯз шадидтар эҳсос мегардад. Барои харидани техникаи нав маблағи зиёд лозим. Аммо мо чунин имконият надорем”, — таъкид кард О. Сулмонов.
Аз суҳбат бо масъулони КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз маълум гардид, ки дороии корхонаи онҳо, ҳарчанд бояд ба беш аз 16 ҳазор сокини шаҳрак ва чандин ташкилоту идора хизмат расонад, ду техникаи партовкаш ва чанд кабелу каланд асту халос.
Дар ҳамин ҳол мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Шаҳритуз Далер Имомов иддао кард, ки дар масъалаи тозагии марказ ҳамарӯза тадбир андешида мешавад. “Афроде, ки ҳолати санитарию эпидемиологиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд”, — гуфт ӯ, аммо шарҳ надод, ки масъулон ҳам муҷозот шудаанд ё не.
Роҳбари корхонаи мавриди назар дар ноҳияи Кӯшониён Киромиддин Аминов, бо баҳонаи ин ки ба вазифаи мазкур нав таъин шудааст, доир ба вазъи партовгоҳҳои ноҳия изҳори бехабарӣ кард.
Хавфи бемориҳо бештар мегардад
Дар ҳамаи он шаҳру ноҳияҳое, ки дар аввали мақола зикрашон рафт, айнан ҳамин камбудиҳо ҷой дошта, мушкили марбут ба кашонидани партовҳо, бо вуҷуди будани техникаи кофӣ, гоҳо ҳатто дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ мушоҳида мешавад.
Мутаассифона, дар масъалаи маҳкам будани атрофи партовгоҳҳо ва доштани қуттиҳои махсуси партовафканӣ, ба истиснои шаҳри Бохтар, дар хусуси дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳатто ҳоҷати ҳарф задан нест.
Дар маҷмӯъ, ба иттилои мутахассиси соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон Рустам Гадоев, корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мувозинаашон беш аз 790 нуқтаи расмии партовҷамъкунии муваққатӣ, 587 қуттии партовканӣ ва дар маҷмӯъ дар масоҳати 84,4 гектар партовгоҳҳои асосӣ ё худ марказӣ доранд. Аз 238 техникаву механизмҳо кам не, 88-тояшон корношоям ва таъмирталабанд. Ба ин суол, ки онҳо барои рафъи камбудиҳои корӣ чӣ тадбирҳо андешида истодаанд, чунин посух дод: “Корхонаи мо барои харидорӣ намудани техникаи наву замонавӣ ба КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод кардааст. Ва умед дорем, ки рӯзҳои наздик масъалаи нарасидани техникаи партовкашӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунад”.
Талоши мо барои гирифтани маълумот аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, ки масъули ҳифзи муҳити зист ва назорати партовгоҳҳо дониста мешавад, пас аз муроҷиатҳои пай дар пай бенатиҷа анҷом ёфт. Дар сурате, ки сари вақт кашонидан ва безарар сохтани партовҳо дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо дуруст иҷро намегардад, бар замми мушкилоте, ки дар боло зикр кардем, хавфи сар задани ҳар гуна бемориҳо метавонад пеш ояд. Пас, масъулонро зарур аст, ки ба хотири таъмини солимии ҷомеа ва тозагии муҳити зист мушкилиҳоро дар фурсати кӯтоҳ ҳал карда, бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зам шудани сарборӣ фаъолиятҳои ояндаашонро ҷавобгӯй ба талаботи роҳбарияти олии мамлакат тарҳрезӣ кунанд.
Машраби Аловиддин, махсус барои “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ