Пурсишу посух дар Кумитаи оид ба дин
Рӯзи 25 июл дар нишасти хабарии Кумитаи дин ва танзими анъанаву маросимҳо гуфта шуд, ки:
— имсол дар ҷараёни маъракаи ҷамъоварии садақаи фитри рӯза аз мардум 42 миллиону 584 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан чоруним миллион доллар ҷамъ овардаанд
-барои вайрон кардани қонуни танзим дар нимаи аввали сол мардумро 1,4 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд
— ба ҳисоби Кумитаи дин, харҷи як тӯйи хатна дар Тоҷикистон ҳоло 900 сомонӣ ва харҷи маросими дафн ҳаманӣ 1000 сомониро ташкил медиҳад…
СУОЛУ ҶАВОБҲО ДАР НИШАСТИ ХАБАРИИ КУМИТАИ ДИН
- ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРӢ ЧАНД ИТТИҲОДИЯИ ДИНӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД?
-Айни ҳол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ,3475 масҷиди панҷвақта,67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3920иттиҳодияи динӣ фаъолият менамояд.
- ДАР ИН ДАВРА ЧАНД НАФАР АЗ ХОДИМОНИ ДИН БА МУВОФИҚАКУНОНӢ ҶАЛБ КАРДА ШУДАНД?
—Комиссияи мувофиқакунонӣ дар 6 моҳи соли 2018 мувофиқаи 232 нафар сархатибону имомхатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақтае, ки аз тариқи истисноӣ дар он намозҳо бо ҷамоат гузорида мешавад, ба роҳ монд.
- ЧАНД НАФАР АЗ ХОДИМОНИ ДИН ДАР РАВАНДИ МУВОФИҚАКУНӢ НОКОМ ГАРДИДАНД?
Дар ин давра 10 нафар аз раванди мувофиқа нагузашта ноком гардиданд.
- ЧАРО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ «ШОҲИДОНИ ЯҲУВО” ДАР ТОҶИКИСТОН ИҶОЗАТ ДОДА НАМЕШАВАД?
Бинобар мутобиқ набудани фаъолияти оинномавии ин ташкилот бо қонунгузории кишвар соли 2007фаъолият он дар қаламрави ҷумҳурӣ қатъ карда шуд.
- ОЁ ДАР ДАВРАИ ҲИСОБОТӢ ХОДИМОНИ ДИН БА КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ ҶАЛБ ГАРДИДААНД?
Кумита дар 6 моҳи соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ва Маркази исломии ҶТ курси бозомўзиро бо иштироки 113 нафар мутахассисони соҳа,1094 нафар сархатибону имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав, Рўдакӣ, Кўлоб, Данғара, Восеъ, Фархор, Муъминобод, Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Спитамен баргузор намуд.
- РАФТИ ИҶРОИҚАРОРИ ҲУКУМАТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН №33 АЗ 25 ЯНВАРИ СОЛИ 2017 ДАР БОРАИ «ТАРТИБИ НИГОҲДОРӢ ВА ИСТИФОДАБАРИИ ҚАБРИСТОНҲО» ЧӢ ГУНА АСТ?
-Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 3763 адад қабристонҳои амалкунанда мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, дар ВМКБ 526адад, вилояти Хатлон – 1103 адад, вилояти Суғд–839 адад, шаҳри Душанбе – 15 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ–1280 адад.
Таҳлилҳо муайян намуданд, ки раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷро намудани қарори зикршуда қарорҳои худро ба тасвиб расонидаанд. Гирду атрофи қабристонҳо қисман маҳкам карда шуда, китоби бақайдгирии майит ва тартиби дуруст ба роҳ мондани гузоштани санги мазор ташкил карда шудааст.
- ЧАНД НАФАР АЗ ХОДИМОНИ ДИН БА МАВЗЕЪҲОИ ФАРҲАНГИВУ ТАЪРИХӢ ҶАЛБ ГАРДИДААНД?
-Кумита дар 6 моҳи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» кормандони Кумита, Маркази исломии ҶТ, донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва 700 нафар ходимони дини шаҳру ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ, Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринавро ба тамошои намоиши театрӣ дар мавзўи «Обу оташ» ҷалб намуд.
Ҳамзамон кормандони Кумита, Маркази исломии ҶТ ва 516 нафар ходимони дини шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Варзоб Бохтар ва ғайрааз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
- ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ҶАМЪОВАРИИ ФИТРИ РӮЗА ВА САРФ НАМУДАНИ ОН БА КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА РОҲ МОНДА ШУД. ОН ЧӢ НАТИҶА ДОД?
Тибқи ахбори пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағҳои ҷамъоваришудаи садақаи фитр аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти давлатии маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо, соҳибкорон, шаҳрвандони касбу кори гуногун ва ходимони диндар маҷмўъ 42584 000 сомониро ташкил дод.
- ДАР 6 МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2018 ЧАНД ҲОЛАТИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ДАР БАХШИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ?
— Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 310 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст.
- МАБЛАҒИ УМУМИИ ҶАРИМАҲО ДАР ИН ДАВРА ЧАНД СОМОНИРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД?
-Маблағи умумии ҷаримаҳо 1 миллиону 402ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад.
- ОЁ БЕВОСИТА АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ КУМИТА НИЗ ҚОНУНШИКАНИҲО ОШКОР МЕШАВАНД?
-Бале, дар ин давра аз тарафи кормандони Кумита 29 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст.
- АЗ ШУМОРАИ УМУМИИ ҚОНУНВАЙРОНКУНАНДАҲО ЧАНД НАФАРРО ШАХСОНИ МАНСАБДОР, ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, СОҲИБКОРОН ВА ШАХСОНИ БОНУФУЗ ТАШКИЛ МЕДИҲАНД?
Дар ин давра 8 нафар шахсони мансабдору хизматчиёни давлатӣ, 12 нафар сароянда ва 17 соҳибкор даст ба қонунвайронкунӣ задаанд, ки нисбат ба онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳо ирсол гардид.
- ДАР 6 МОҲИ СОЛИ 2018 ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРӢЧАНД АДАД МАЪРАКА БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ ВА БА ҲИСОБИ МИЁНА ДАР ОН ЧИ ҚАДАР МАБЛАҒ САРФ ГАРДИДААСТ?
-Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи аввали соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ 41356 маърака барпо гаштааст. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 167 миллиону 396 ҳазору 938 сомониро ташкил медиҳад.
- БО ВОРИД ГАРДИДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУН ЧӢ МИҚДОР МАБЛАҒ БА МАНФИАТИ МАРДУМ САРФА ГАРДИДААСТ?
-Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тўйи домодию арўсӣ, чил ва сол дар ин давра беш аз 194 миллиону 468 ҳазор сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст.Дар ин давра хароҷоти маъракаи хурсандии хатнасур ва маъракаҳои азодории чил ва сол ба маротиб кам гардида, пасандоз ба буҷаи оилаҳо ба шакли назаррас зиёд гардид. Масалан, дар шаш моҳаи соли 2017 =SUM(ABOVE)6714 маъракаи хатнасур ба қайд гирифта шуда буд. Зимнан, хароҷоти як маърака 3245 сомониро ташкил медод. Феълан бо маҳдуд гардидани баргузории маъракаи хатнасур дар доираи оила, хароҷоти як маъракаи хатнасур тахминан 900 сомониро ташкил намуда истодааст, ки дар маҷмуъ барои баргузории =SUM(ABOVE)6714 маъракаи хатнасур, маблағи 6042 600сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳои сарфагардида танҳо аз ҳамин ҳисоб 15744330 сомонро ташкил менамояд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи омории Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2018 дар кишвар 15955нафар фавтидааст. То давраи ворид намудани тағиру иловаҳо ба қонун (28.08.2018) ба шаҳрвандони кишвар лозим меомад 31910маъракаи чилу сол баргузор намоянд, ки хароҷоти як маърака 3245сомонӣ ва хароҷоти умумии маъракаҳои азодорӣ 103 миллиону 547 ҳазору 950 сомониро ташкил менамуд. Таҷриба нишон дода истодааст, ки хароҷоти дафн барои як майит ба ҳисоби миёна то 1000сомонӣ ва дар умум 15955000сомониро ташкил медиҳад. Пасандоз аз ин ҳисоб ба нафъи шаҳрвандон 87592950сомонӣ боқӣ мемонад. Пас, бо маҳдуд гардидани маъракаи оилавии хатнасур ва бе додани таом баргузор намудани маросими чилу сол, ба манфиати шаҳрвандони кишвар ба ҳисоби камтарин дар шаш моҳи сипаришудаи соли 2018 маблағи 103миллиону 337 ҳазору 280 сомониро ташкил менамояд.
- ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ АЗ ҶОНИБИ КУМИТА ЧАНД ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ ГУЗАРОНИДА ШУД (БО ЗИКРИ ТЕЪДОД, МУСБАТ Ё МАНФӢ БУДАНИ ХУЛОСАҲО)?
Дар асоси 262 дархост 2888 номгўй адабиёти динӣ, 5774 адад варақа, 138 адад фита, 28 адад телефонии мобилӣ, 3 ноутбук ва 8 флешкорт мавриди ташхис қарор дода шуд.
Аз маводи мазкур ба 2648 номгўй адабиёти динӣ, 698 адад варақа, 38 адад фита, 1 ноутбук ва 4 адад телефон хулосаи мусбӣ ва ба 240 номгўй адабиёти динӣ, 5076 адад варақа, 100 адад фита, 24 адад телефон, 2 ноутбук ва 8 адад флешкорт хулосаи манфӣ дода шуд.
- ПРОТСЕССОР, НОУТБУК, ФИТА, ФЛЕШКОРТ ВА ДИГАР АШЁИ ДОРОИ ХОТИРАИ ЭЛЕКТРОНӢ ЧӢ ГУНА ТАШХИС КАРДА МЕШАВАНД?
Маводе ки дар хотираи асбобҳои электронӣ сабт гардидааст, мавриди ташхиси диншиносӣ қарор дода мешавад.
- АРИЗАВУ ДАРХОСТҲО БАРОИ ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢБЕШТАР АЗ ҶОНИБИ КӢ ВОРИД МЕШАВАНД?
Аризаву дархостҳо барои муайян намудани хислати динии маводҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон ворид мегарданд.
- ДАР ДАВРАИ ҲИСОБОТӢ ЧАНД РЕЙД ГУЗАРОНИДА ШУДА, ЧӢ НАТИҶА ДОДАНД (ЧАНД МАҒОЗА ВА ДЎКОН, МАТБАА ВА НАШРИЁТ, ПРОТОКОЛҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ, МАБЛАҒИ БА БУҶА ВОРИДГАРДИДА)?
13 рейд дар 136 мағоза ва дўкон. Дар натиҷа 763 номгўй адабиёти динӣ, 157 адад фита, 4 адад протсессор мусодира карда шуд. 11 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба буҷаи давлат 16500 сомонӣ ворид карда шуд.
- АЗ ҶОНИБИ КУМИТА БАҲРИ ПЕШГИРИИ ВОРИДШАВАИИ АДАБИЁТИ ДИНИИ ИФРОТӢ КАДОМ КОРҲО БА СОМОН РАСОНИДА МЕШАВАНД?
Ба Хадамоти гумруки назди ҲҶТ ва Раёсати сарҳадоти КДАМ ҶТ мактубҳои дахлдор ирсол карда шуда, пайваста рейдҳои муштарак доир карда мешаванд.
- ДАР МАҶМУЪ ЧАНД НАФАР АЗ ШАҲРВАНДОНИ КИШВАР ДАР ДАВЛАТҲОИ ИСЛОМӢ ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ ГИРИФТААНД ВА ТО ИМРЎЗ ЧАНД НАФАРИ ОНҲО БА ВАТАН БАРГАРДОНИДА ШУДААНД?
-Дар маҷмуъ 3747нафар дар солҳои гуногун дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар таҳсил намудаанд ва дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то имрўз 3463 нафар ба Ватан баргаштанд.
- ОЁ ҲОЛАТҲОИ ДУБОРА БА ҶОИ ТАҲСИЛАШОН БАРГАШТАНИ ТОЛИБИЛМОН БА НАЗАР МЕРАСАНД?
-То имрўз 73 нафар толибилм дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштанд.
- ДОНИШҶЎЁНЕ, КИ АЗ КИШВАРҲОИ ЗИКРШУДА БА ВАТАН БАРГАШТАНД, БА ТАҲСИЛ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД?
-Аз ҷумлаи донишҷўёни баргашта, айни ҳол 126 нафари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 16 нафар дар мактабҳои миёна, 5 нафар дар муассисаҳои таълимии миёнаи махсус, 105нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсили худро идома дода истодаанд.
- ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ РАВОН ОЁ ЯГОН ДОНИШҶЎ БА ВАТАН БАРГАШТААСТ?
-Танҳо дар 6 моҳи соли равон 35 нафар донишҷў ба Ватан баргардонида шудаанд.
- ОЁ НАФАРЕ АЗ ДОНИШҶЎЁНИ ЗИКРШУДА БА ҶИНОЯТ МАҲКУМ ГАРДИДААСТ?
-Таҳлил нишон дод, ки аз теъдоди умумии ба ҷумҳурӣ баргаштагон 93 нафар бинобар сабаби шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва даст задан ба амалҳои ҷиноӣ зиндонӣ карда шуданд, инчунин 8 нафари онҳо аз тариқи кишварҳои сеюм ба Сурия рафта, дар ҷангҳои дохилии он кишвар иштирок намуда, як нафар аз онҳо соли 2014 фавтидааст ва дар бораи аҳволи шахсони боқимонда то ҳол маълумот дастрас нашудааст.
- ДОНИШҶЎЁНЕ, КИ БАРГАРДОНИДА ШУДАНД, ҲОЛО ДАР КИШВАР БА ЧӢ КОР МАШҒУЛАНД?
1341 нафари онҳо асосан ба корҳои хоҷагидорӣ, тиҷорат машғул буда, 1075 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Инчунин айни ҳол 126 нафари онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 16 нафар дар мактабҳои миёна, 5 нафар дар муассисаҳои таълимии миёнаи махсус, 105нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсили худро идома дода истодаанд. Рўйхати585 нафаре, ки муваққатан бекоранд, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар барои дар доираи имконоти мавҷуда бо кор таъмин намудани онҳо фиристода шудааст.
- БАРГАРДОНИДАНИ ДОНИШҶЎЁН ТО ЧӢ АНДОЗА БА ФОИДАИ КОР БУД?
Дар бештари он кишварҳое, ки ҷавонони мо аз онҷо баргардонида шуданд, имрўзҳо нооромиҳои сиёсӣ ба назар мерасанд ва дар он кишварҳо таъмини амнияти мардум аслан кафолат дода намешавад. Яъне, агар ҳамин дастури саривақтӣ барои баргардонидани ҷавонон намебуд, тақдири ҳудуди 4 ҳазор ҷавони тоҷик норавшан боқӣ мемонд.
- ИМСОЛ ЧАНД НАФАР АЗ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДО САФАРБАР МЕШАВАНД?
-Имсол чун солҳои қаблӣ аз кишвари мо зиёда аз 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарбар мегарданд.
- САФАРБАРНАМОИИ ҲОҶИЁН БА АРАБИСТОНИ САУДӢ КАЙ ОҒОЗ МЕШАВАД?
-Дар назар аст, ки тибқи нақша интиқоли ҳоҷиён аз 5-уми август то14-уми август ва бозгашти онҳо ба Ватан 1-ум то 12-уми сентябр амалӣ гардонида шавад.
- АРЗИШИ УМУМИИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ ҲАҶИ СОЛИ РАВОН ЧАНД СОМОНИРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД?
-Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷи соли равон 33410 сомониро ташкил медиҳад.
- ЧАРО НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА НАРХИ ХИЗМАТРАСОНИҲО ТАҚРИБАН 50 ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ БОЛО РАФТААСТ?
-Боло рафтани нарх вобаста ба ҷорӣ гардидани андоз аз хизматрасониҳост, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дар соли ҷорӣ барои ҳамаи кишварҳо ҷорӣ карда шуд. Аз ин хотир, ин омил ба арзиши умумии хизматрасониҳо таъсир гузошт.
- ЧАРО ИМСОЛ АЗ ҲАМАИ ҲОҶИЁН ИЗИ АНГУШТ ГИРИФТА ШУД?
-Гирифтани изи ангушт ҳамасола дар фурӯдгоҳҳои Арабистони Саудӣ анҷом дода мешуд, ки ҳам вақти зиёдро мегирифт ва ҳам боиси заҳма мегашт. Аз ин хотир, бо дархости ҷониби Арабистони Саудӣ имсол амал дар худи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
- ЧАРО ИМСОЛ КУМИТА ҲОҶИЁНРО БО ЛИБОСИ ЯГОН ТАЪМИН НАКАРД?
-Таъмини либос шомили рӯйхати хароҷот барои хизматрасониҳо нест. Аммо аз ҷониби Кумита навъи матоъ ва ранги он ба ҳоҷиён тавсия мешавад, то онҳо дар кишвари Саудӣ бо либоси ягонаи худ Тоҷикистонро муаррифӣ намоянд.
- ИМСОЛ ҲАМ 50%-И ҲОҶИЁНИ МОРО ШИРКАТҲОИ ҲАВОИИ АРАБИСТОН ИНТИҚОЛ МЕДИҲАНД?
-Бале, мисли чанд соли пеш интиқоли 50%-и ҳоҷиён аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ ва 50%-и боқимонда аз тариқи ширкати ҳавоии Арабистони Саудӣ сурат мегирад.
34.ДАР БОРАИ ИХТИСОСҲОИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ МАЪЛУМОТ МЕДОДЕД…
Дар Донишкада айни ҳол ду факултет (Филологияи шарқ ва Улуми исломӣ) ва 8 кафедра фаъолият доранд, ки фарогири панҷ ихтисос мебошанд: ихтисоси забони хориҷӣ (арабӣ). информатика, ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ — англисӣ), ихтисоси таърих.диншиносӣ, ихтисоси улуми исломӣ. матни классикӣ, ихтисоси улуми қуръонӣ, мероси хаттӣ.
- АЙНИ ҲОЛ ДАР ДОНИШКАДА ЧАНД КОРМАНД ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД ВА ЧАНД ДОНИШҶӮ МАШҒУЛ БА ТАҲСИЛ ҲАСТАНД?
Айни ҳол дар Донишкада 162 нафар корманд ва 1050 нафар донишҷу ҳузур доранд.
- ОЁ ДАР ДОНИШКАДА ЗАНҲО КОРУ ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД ВА БА ЧӢ ТЕЪДОД ДАР ЧӢ ВАЗИФАҲО МАШҒУЛ БА КОР МЕБОШАНД?
Аз 162 нафар кормандон 36 нафарашон занон мебошанд, ки вазифаҳои гуногунро ба уҳда доранд, аз қабили мудири кафедра, сардори бахш, омӯзгор ва ғайра.
- ОЁ ҚАБУЛИ ДУХТАРОН БА ДОНИШКАДА МАНЪ ШУДААСТ ВА АЙНИ ҲОЛ ЧАНД ДОНИШҶӮИ ДУХТАР ТАҲСИЛ КАРДА ИСТОДААНД?
Қабули духтарон ба Донишкада манъ нашудааст ва айни ҳол тақрибан 250 нафар донишҷӯи духтар машғул ба таҳсил мебошанд.
- МАСЪАЛАИ САРУ ЛИБОСИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ВА КОРМАНДОНИ ЗАН ДАР ДОНИШКАДА ЧӢ ГУНА БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ?
Сарулибоси кормандони зан ва донишҷӯдухтарон дар Донишкда тибқи намунаи либосҳои тавсиявӣ ба шакли миллӣ бо мувофиқ бо мазҳаби ҳанафӣ ба роҳ монда шудааст.
- АЗ ТАРАФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҚАРИБӢ САНГИ АСОСИ БИНОИ НАВИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ ГУЗОШТА ШУД. БИГӮЕД, КИ ЧӢ ТАҒЙИРОТ ДАР СОХТОР ВА ИХТИСОСҲОИ ДОНИШКАДА ДАР НАЗАР ГИРИФТА ШУДААСТ?
Донишкадаи нав фарогири 1500 донишҷӯ хоҳад буд, ки табиатан сохтори муассисаи таълимӣ васеътар мешавад ва дар он ихтисосҳои нав ҳам эҷод хоҳад шуд. Аз ин рӯ дар Донишкада рӯйхати ихтисосҳои нав таҳия шуда барои мувофиқа ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудаас. Ихтисосҳои нав бо назардошти шароити муосир таҳия шуда, талаботи бозори меҳнат ба назар гирифта шудааст.
- ОЁ ДОНИШКАДА БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДИНИИ ХОРИҶИ КИШВАР ҲАМКОРӢ ДОРАД?
Донишкада бо ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорад, вале бо муассисаҳои таълимии динии хориҷ ҳамкорӣ надорад.
- ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ ДАР ЧӢ САМТҲОЕ БА КОРУ ФАЪОЛИЯТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД ВА ОЁ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ДИГАР СОҲАҲОИ ДАВЛАТӢ БА КОР ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАНД?
Хатмкунандагони Донишкада мисли дигар хатмкунанадагони муассисаҳои таълимии олии кишвар дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ ба кор қабул карда мешаванд. Агар диққат карда бошед ҳамаи ихтисосҳои Донишкада ҳамгиро мебошанд, ки ин имкони муваффақиятро дар бозори кори ҷумҳурӣ зиёдтар мекунад.
- ДАР СОЛҲОИ ГУЗАШТА ГИМНАЗИЯИ НАЗДИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКАРД, КИ ҲОЛО ВУҶУД НАДОРАД. ГИМНАЗИЯИ МАЗКУР ЧАРО БАСТА ШУД ВА ОЁ ЗАРУРАТИ ТАЪСИСИ ЧУНИН ГИМНАЗИЯ БАРОИ ДОНИШКАДА ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗА ПАЙДО НАШУДААСТ?
Дар муассисаҳои таълимии умумии кишвар дарсҳои зарурӣ барои идомаи таҳсил дар Донишкада дарс дода мешаванд ва айни ҳол зарурати таъсиси муассисаи таълимии махсус дар назди Донишкада ба назар намерасад.
- ДОНИШҶӮЁНЕ, КИ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ДИНИИ ХОРИҶИ КИШВАР ТАҲСИЛ КАРДААНД, ДАР ҲОЛИ ҲОЗИР ЧАНД НАФАРАШОН ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ ТАҲСИЛРО ИДОМА ДОДА ИСТОДААНД?
Дар солҳои пешин донишҷӯёни аз муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар баргашта ба Донишкада фаро гирифта шуда буданд. Аммо айни ҳол дар Донишкада чунин донишҷӯён ҳузур надоранд.
(Бознашр аз “Ахбор”)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ