«Пушаймонам…»,- мегӯяд «қаҳрамони» озмуни РВКД
Тавре РВКД –и шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли навори муноқишаи лафзии ронандаи яке аз хатсайрҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати қонуншикании дар навор инъикосгардида чораи қонунӣ андешида шавад.
Дар доираи таҳқиқу санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки нафари дар навор инъикосгардида шаҳрванд Турсунбоев Шавкат Машрафҷонович санаи таваллудаш 10.11.1980 зодаи вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, ҳамчун ронандаи хатсайри мусофиркашонӣ дар пойтхат фаъоляит менамояд.
Тавре муайян гардид, номбурда ҳангоми машғули мусофиркашонӣ бо яке аз ронандагони дигари хатсайри 28 муноқиша намуда, ӯро мавриди дашному ҳақорат ва ва озори лафзӣ қарор дода, шаъну шарафи номбурдаро дар ҷамъият паст задааст.
Зимнан Турсунбоев Шавкат бо худиқрорӣ аз кирдори зиддиҳуқуқии содирнамудааш изҳори пушаймонӣ намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ