Пушти панҷара танҳо гиристам

Шаҳёд 3 октябри соли 1998 дар деҳаи Маҳмадшоҳи поёни, ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳия Рудакӣ таваллуд шудааст. Хамткардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74-и зодгоҳаш буда, айни замон донишҷӯи соли чоруми ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Шаҳёд аллакай ба алоқамандони шеър ошност. Намунаи ашъораш дар нашриҳо ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ нашр шудааст. Ҳоло ходими адабии ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мебошад.

Шаҳёд 3 октябри соли 1998 дар деҳаи Маҳмадшоҳи поёни, ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳия Рудакӣ таваллуд шудааст. Хамткардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74-и зодгоҳаш буда, айни замон донишҷӯи соли чоруми ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Шаҳёд аллакай ба алоқамандони шеър ошност. Намунаи ашъораш дар нашриҳо ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ нашр шудааст. Ҳоло ходими адабии ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мебошад.

Ғазалдард

Тамоми хотираҳои туро ғазал кардам,

Туӣ ба дафтари дил беҳтарин ғазалдардам,

Туӣ, ки ними нигоҳат маро намегирад,

Манам, ки дар раҳи ишқи ту як абасгардам,

Чӣ ҳоҷат аст дигар сарвати ду дунёро,

Ки ман барои сару пои ту дил овардам.

Ту як табассуми хуршед дар шабистонам

Ва ман ба чашми баҳории ту фақат сардам.

Зи ёд бурда чу паймони ишқи зеборо,

Худо кунад, ки шавӣ зори ман ту номардам.

Тамоми шеъри дилам маънии туро дорад,

Туӣ ба дафтари дил беҳтарин ғазалдардам.

Модари ман

Ин баҳор,

Гӯиё модари ман ғунчаи сармозада аст,

Ки ба ҳамроҳи гули зард дигар нашкуфта.

Гӯиё умр ба ҷорӯби пур аз озораш.

Шодияшро ба тамомӣ руфта…

Ин баҳор.

Модарам бемор аст,

Хандааш маҳзун аст,

Дастҳои малакутиш ба ҳангоми дуо меларзад.

Ӯ маро бо нигаҳи ғарқи алам мебинад,

Модари ман,

Нигаҳат умри маро меарзад,

Ва манам

Ки сиришкам

Решаи хомаи дил об диҳад,

Ва манам дасти ниёзам ба Худо вомонда,

Аз Худо мехоҳам

Умри маро ҳисса кунад.

Ки ҳанӯз,

Модари ман хуфтани худ нохонда.

Ин баҳор,

Модари муштипарам, кош шавад ёсу суман,

Кошки модараки хушрӯям

Моҳ шавад.

Манеро, ки ба фардо қадаме мехоҳам,

Ҳодии роҳ шавад,

Ҳамду дуохоҳ шавад…

Туро дӯст доштам

Имшаб, ки моҳ дар бағали осмон набуд,

Дардошнову ҳамнафаси ошиқон набуд.

Гуфтам, ки хотироти туро шеър мекунам,

Чизе ба ғайри оҳ, вале дар забон набуд.

Умре фақат барои худат шод будаам,

Паҳнои умри хандаи ман бекарон набуд.

Эй бевафо! Ба рӯйи дилам по гузоштӣ,

Рафтӣ, вале шикасти дил оё гарон набуд?!

Ман ошиқона қалби туро дӯст доштам,

Монанди ишқи ман ба замину замон набуд!

То субҳ пушти панҷара танҳо гиристам,

Маҳтоб аз чӣ дар бағали осмон набуд?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *