Пуштибони Толибон рафт, дӯсти Чин ва ИМА омад?
Шаҳбоз Шариф — раҳбари ҳизби Мусалимлиг — шохаи Навоз ба сифати сарвазири Покистон интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Имрон Хон — пуштибони Толибонро иваз кард ва қарор аст то моҳи октябри соли 2023 ҳамчун 23-юмин нахуствазири ин кишвар дар вазифа фаъолият кунад.
Бародари сарвазири пешин
Шаҳбоз бародари хурдии Навоз Шариф, собиқ сарвазири Покистон мебошад. Навоз Шариф қаблан се бор мақоми нахуствазириро дар Покистон ба даст овардааст.
Шаҳбози 70-сола се бор ба унвони сарвазири бузургтарин аёлати Покистон — Панҷоб кор кардааст. Ин аёлат пойгоҳи қудрати хонаводаи ӯст. Ӯ ҳоло раёсати ҳизби Мусалимлиг — шохаи Навозро бар дӯш дорад ва аз соли 2018 номзад ба мақоми сарвазирии Покистон буд.
Шаҳбоз дар Лоҳур дар хонаводаи сарватманд ва молики ширкатҳои саноатӣ ба дунё омадааст. Падараш аз сарватмандони табақаи миёна буд. Хонаводаи Шаҳбоз аз Кашмир ба Панҷоб муҳоҷират кардаанд. Падараш аз сармоядорони табақаи миёнаи Панҷоб буд. Ду бор издивоҷ кардааст.
Бори аввал бо Нусрат Шаҳбоз дар соли 1973 издивоҷ кардааст, ки аз ӯ 4 фарзанд — Салмон, Ҳамза ва ду духтари дугоник — Ҷавория ва Робия дорад. Бори дуввум соли 2003 бо Таҳмина Дурронӣ издивоҷ кардааст. То расидан ба курсии нахсутвазирии Покистон дар Лоҳур дар хонаводаи падарияш зиндагӣ мекард.
Молики маҷмӯаи “Амлок-люкс” дар Лондон ва Дубай ва соҳиби Ittefaq Group аст. Дороии ӯро аз бародараш Навоз Шариф бештар медонанд.
Шаҳбоз Шариф дар Донишгоҳи давлатии Лоҳур дар риштаи улуми инсонӣ то дараҷаи коршиносӣ таҳсил кардааст. Пас аз он вориди тиҷорати хонаводагӣ шуд ва ҳоло низ молики муштараки як ширкати фӯлод аст. Ӯ миллионер ва молики дороиҳои зиёде дар дохил ва хориҷ аз Покистон аст.
Шаҳбоз Шариф дар аёлати худ вориди сиёсат шуд ва дар соли 1988 ба унвони намоянда вориди маҷлиси аёлатӣ шуд. Аввалин бор дар соли 1997 сарвазири аёлати Панҷоб шуд, пас аз кудато (табадуллот)-и низомии генерал Парвиз Мушарраф дар сол 1999 ба зиндон афтод, соле баъд ба Арабистони Саудӣ (ҳамроҳ бо бародараш Навоз Шариф) табъид (бадарға) шуд, ҳафт сол баъд аз табъид бозгашт ва фаъолияти сиёсии худро дар Панҷоб аз сар гирифт ва дар соли 2008 дигарбора сарвазири Панҷоб шуд.
Бори севвум дар соли 2013 сарвазири Панҷоб шуд ва то соли 2018 дар мақом буд, ки дар интихоботи умумии ин сол ҳизби Мусалимлиг шикаст хӯрд.
Ӯ пас аз соли 2017, ки бародараш Навоз ба иттиҳоми пинҳонкории дороиҳое, ки дар асноди Панама фош шуд, ба зиндон афтод, раёсати ҳизби Мусалимлиг — шохаи Навозро бар дӯш гирфт.
Шаҳбоз Шариф ҳам дар давраи Имрон Хон муттаҳам ба фасод шуд, аммо дар ҳеҷ иттиҳоме гунаҳгор шинохта нашуд.
Вай аз соли 2018 то кунун раҳбарии мухолифин ё оппозисиюнро дар баробари давлати Имрон Хон бар дӯш дошт.
Дӯсти Чин ва ИМА
Расонаҳои ғарбӣ Шаҳбоз Шарифро дӯсти Чин ва ИМА муаррифӣ мекунанд. BBC менависад, ки Консули генералии Чин дар Лоҳур соли гузашта дар замони хатми вазифаи худ дар номае ба Шаҳбоз Шариф аз ӯ «дӯсти қадими Чин» гуфта, аз иҷрои саривақтии тарҳи даҳлези иқтисодии Чин-Покистон, ки Шаҳбоз Шариф масъулияти онро ба зимма дошт, васф кардааст.
Дар ин нома дипломати чинӣ навиштааст, ки ҳизби Муслимлиги Навоз дӯсти Чин аст, чӣ ин ҳизб дар қудрат бошад, чӣ дар мухолифат.
Дар ҳамин ҳол, Шаҳбоз Шарифро яке аз чеҳраҳое медонанд, ки бо Ғарб, хусусан Амрико ва Бритониё равобити хубе дорад. Ҳафтаи гузашта дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфт, ки равобити хуб бо ИМА барои Покистон бисёр муҳим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ