Пуштибонии раиси КДАМ-и Қирғизистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар бораи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскав изҳори назар кард. Ҳамчунин, ӯ аз шаҳрвандони Тоҷикистон пуштибонӣ кард. Номбурда дар Facebook навиштааст, ки Қирғизистон аз ин ҳодиса ва ҳалокати теъдоди зиёди одамон андуҳгин аст.

Ташиев гуфтааст, ки дар ҳодисаи рухдода як миллати мукаммалро гунаҳкор кардан бемавриду ноҷо аст.

«Террористҳо миллат надоранд ва муттаҳам кардани як миллати том дар ҳодисаи рухдода бо пайравӣ аз аъзои созмонҳои террористие, ки ба барангехтани кинаю адовати қавмӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи зидди муҳоҷирон дар Русия манфиатдоранд, мувофиқ нест», — гуфтааст ӯ.

Ба ақидаи Қамчибек Ташиев, шаҳрвандони ҳама гуна давлат метавонистанд зери таъсири ҷалбкунандагон қарор гиранд.

“Ман аз ҷониби худ метавонам поквиҷдонии хадамоти махсуси Тоҷикистонро қатъиян таъкид намоям, муборизаи онҳо бо созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ беист идома дорад. Шаҳрвандони ҳар як давлат метавонанд зери таъсири ҷалбкунандагон қарор гиранд, аммо фармоишгарони ҳамла тасодуфан намояндагони як миллатро интихоб накардаанд, то вазъи муҳоҷиронро дар Русия бадтар кунанд”, — зикр кардааст ӯ.

Қачибек Ташиев изҳори умедворӣ кард, ки талошҳои муштараки хадамоти махсуси кишварҳо «ба татбиқи ҳадафҳои ҷиноятии ба истилоҳ мусулмонони бардурӯғ роҳ нахоҳанд дод».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *