Путин қонунро имзо кард. Созишнома дар бораи нафақа амалӣ мешавад
Президенти Русия Владимир Путин Қонун дар бораи тасвиби созишномаи миёни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дар мавриди нафақаро имзо кард.
Созишнома ба шахсоне дахл дорад, ки худ ва аъзои хонаводаашон шаҳрвандии Русияву Тоҷикистонро доранд. Он тамоми намуди нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои ҷамъшаванда ва дигар пардохтҳо аз пасандозҳои нафақавӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ, кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои дафнро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки дар сурати кӯчидан ба ҷои истиқомати доимии шахси суғурташуда дар кишвари сеюм, пардохти нафақаи таъиншуда аз рӯи интихоби ӯ аз ҷониби тарафҳои шартномавие, ки онро таъин кардаанд, идома дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи мазкур 15-уми сентябри соли 2021 дар Душанбе ба имзо расида буд.
Қаблан парлумони Тоҷикистон дар як ҷаласаи худ созишнома бо Русия дар бораи нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ