Путин: Артиши Русия ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шавад
Президенти Русия ба вазири дифоъ ва раиси ситоди кулли Русия фармон дод, ки неруҳои стратегиро ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронанд.
Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Герасимов, раиси ситоди кулли артиши Русия, дастур дод, то нируҳои стратегии артиши Русия ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд,- изҳор намудааст Sputnik.
“Кишварҳои ғарбӣ на танҳо алайҳи кишвари мо дар бахши иқтисодӣ иқдомоти ғайридӯстона мегиранд, ман он таҳримҳоро дар назар дорам, ки ҳама хуб медонанд, балки мақомоти баландпояи кишварҳои пешрафтаи НАТО низ алайҳи кишвари мо изҳороти таҳаммулнопазир мекунанд»,- гуфт роҳбари Русия.
Тавре ки сомонаи Вазорати дифои Русия навиштааст, неруҳои стратегӣ «барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз бар зидди Русия ва муттаҳидони он, инчунин барои шикаст додани таҷовузкор, аз ҷумла дар ҷанг бо истифодаи яроқи ядроӣ” мебошанд.
Путин тамоми масъулияти хунрезиро дар Украина бар дӯши режими Киев вогузор кард
Рӯзи 21-уми феврал дар вокуниш ба муроҷиатҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи соҳибихтиёрии онҳо, Владимир Путин фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24-уми феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дод.
Путин мақсади онро ҳифзи сокинони Донетску Луганск номид, ки ҳашт сол боз ба қатли ом гирифтор шудаанд. Вай таъкид кард, ки Русия кишвари ҳамсояро ишғол карданӣ нест.
Президенти Русия аз низомиёни Украина даъват кард, ки фармонҳои ҷиноии ҳукуматашонро иҷро накунанд ва силоҳҳояшонро ба замин гузоранду ба хонаҳояшон бираванд. Путин тамоми масъулияти хунрезиро дар Украина бар дӯши режими Киев вогузор кард.
Вазорати дифоъ таъкид кард, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Украина зарба намезананд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ