Путин аз Афғонистон сахт хавотир шудааст
Президенти Русия Владимир Путин гуфтааст ,ки террористон аз Ироқ ва Сурия дар Афғонистон ҷамъ меоянд ва онҳо метавонанд барои ноором кардани вазъ дар кишварҳои ИДМ талош кунанд. «Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки вазъро дар сарҳади Афғонистон пайваста назорат кунем ва омодаи муқовимат бо ҷангҷӯён бошем ва барои ин ҳамоҳангсозии кори сохторҳои қудратӣ, дар ҳолати зарурӣ, амалиёти муштараки махсусро анҷом диҳем», — афзудааст ӯ ба РИА Новости. Раҳбари Русия мушаххас кард, ки таҳдидҳои эҳтимолӣ ба Осиёи Марказӣ, Закавказия ва дигар минтақаҳо моҳи сентябри соли равон дар нишастҳои СҲШ ва СПАД баррасӣ шуда буданд. «Албатта, мо ин мавзӯъро дар нишасти қарибулвуқӯи ИДМ низ баррасӣ хоҳем кард», — хулоса кард ӯ. Моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) ҳамаи шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумла Кобулро ишғол карданд. Шаби 31 август охирин сарбозони амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи низомии ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд. Дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд буд. Вай дар давраи маъмурияти пешини Толибон аз миёнаҳои солҳои 90 то 2001 вазири корҳои хориҷӣ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ