Путин ба Қазоқистон меравад

Тавре интизор меравад, имрӯз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев бо ҳамтои русаш Владимир Путин баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, роҳбарони ду кишвар дар Остона муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, баъди мулоқот Назарбоев бо Путин дар форуми тиҷоратии Русияву Қазоқистон ширкат ва суханронӣ кунанд. Форуми тиҷоратии ин ду кишвар ба мавзуи нақлиёт ва ҳамлу нақл бахшида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *