Путин ба Душанбе меояд
Владимир Путин – президенти Русия ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар ин бора Игор Шувалов, муовини сар вазири Русия, дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод.
Вале дар бораи барномаи сафари ӯ ҷузъиёти бештар ироа накард. Хабаргузории РИА Новости аз қавли ӯ навишт, «мо бояд ба сафари президент Путин омода бошем, ки ҳафтаҳои наздик сурат мегирад. Умед дорем, баъзе масъалаҳои ҳалношуда то замони сафар ниҳоӣ хоҳанд шуд. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, босамар хоҳад буд.» Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия рӯзи 27 январ дар бӯстонсарои Дастгоҳи иҷроияи президент дар Душанбе ҷараён гирифт. Ин ҷаласа паси дарҳои баста гузашта, ҷониби Тоҷикистонро сарвазир Қоҳир Расулзода ва ҷониби Русияро муовини сарвазир Игор Шувалов раҳбарӣ карданд. Игор Шувалов гуфт, дар ин ҷаласа масъалаи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва нақлиёт ва соҳаҳои дигар баррасӣ шуданд. «Дар ҳама масъалаҳо тавонистем ба тавофуқи мушаххас бирасем», — гуфт ӯ.
Аммо на Шувалов ва на ҷониби Тоҷикистон дар бораи ин, ки оё масъалаи парвозҳо миёни ду кишвар низ баррасӣ шуданд ё не, то ҳол чизе нагуфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ