Путин ба Нишони “Назарбоев” сарфароз шуд
Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ нишони “Нахустин президент-пешвои миллат Нурсултон Назарбоев”-ро тақдим кард.
Қосим Ҷомарт Токаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ нишони “Нахустин президент-пешвои миллат Нурсултон Назарбоев”-ро тақдим кард.
Ҳамчунин, раисони ҷумҳури Белорус ва Қирғизистон низ бо чунин нишони олии Қазоқистон сарфароз гардиданд.
Қарор аст, имрӯз, 29 май, раисони ҷумҳури Русия, Белорус, Қазоқистон ва нахуствазири Арманистон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Шӯрои олии иқтисодлии АвруОсиё дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ширкат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин нишаст ба унвони меҳмони ифтихорӣ даъват шудааст.
Панҷ соле қабл сарони кишварҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон дар шаҳри Остона (Нурсултони феълӣ) Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро имзо карда буданд. Баъдан ба ин созишнома Арманистон ва Қирғизистон ҳамроҳ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ